Темур Султон рӯзноманигори варзидаи телевизион ва радиои тоҷик рӯзи 29-уми декабр дар сини 58 солагӣ аз дунё чашм пӯшид.
Раҷаб Мирзо журналисти тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора хабар дода, аз бармаҳал ва зиёд фавтидани журналистони тоҷик дар соли равон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҷаноби Мирзо мегӯяд, дар соли 2015 13 журналисти тоҷик аз дунё гузаштаанд ва 13-уминаш Темур Султон мебошад. Ӯ бо таасуф мегӯяд, давоми чанд моҳи охир 13 журналисти тоҷик аз дунё рафтанд, дар ҳоле, ки дар тамоми солҳои ҷангӣ шаҳрванди мо 73 журналистро аз даст додаем: «аммо аксари журналистони фавтидаи тоҷик дар соли равон, то 50 — солаанд ва аксарашон бо марги нобаҳангом гирифтор шуданд».
Темур Султон дар аввал дар радио Хатлон, баъдан дар радиои Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Соли 1992 Темур Султон бо як гурӯҳ журналистон аз шаҳри Кӯлоб ба Душанбе меоянд. Ҳамон вақт дар телевизиони ТВТ (ҳоло Шабакаи аввал) ба кор медарояд. Дар телевизион ба ҳайси мудири шуъбаи саёсӣ кору фаолият доштааст. Соли 2013 барои овардани чеҳраҳои нави телевизионӣ як қисми журналистонро аз ТВ ба радио мегузаронанд ва дар миёни онҳо Темур Султон низ шомил буд.
Ба гуфтаи ҳаммаслаконаш Темур Султон пас аз телевизион рафтан бо сабабҳои гуногун корро тарк кардааст. Марҳум вақтҳои охир дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекардааст.
Темур Султон соҳиби 4 фарзанд, 3 писар ва 1 духтар буд.
http://faraj.tj/news/11918-boz-yak-zhurnalisti-to1207ik-az-olam-raft.html