Боз Фейсбук дар Тоҷикистон дастнорас шуд

Дар Тоҷикистон боз шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро маҳдуд кардаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки аз субҳи имрӯз барояшон истифодаи озоди шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» имконнопазир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки шаби 30 –юми моҳи декабри соли гузашта мардуми кишвар дигарбора имкони ворид шудан ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро пайдо кардаанд. Ҳамчунин то кунун муштариёни баъзе ширкатҳои мобилӣ наметавонанд, ки озодона аз видеопортали Ютуб, шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ва хабаргузориҳои «Озодӣ» ва «Озодагон» истифода баранд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз моҳи сентябр инҷониб дастрасӣ ба якчанд шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳи масдуд аст. Ахиран дасрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро аввали моҳи октябр маҳдуд карда буданд.

 

http://faraj.tj/news/12001-bozfeysbukrodarto1207ikistonbastand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *