Бо эъломи ҳукми додгоҳ Маҳмадюсуф Исмоъилов аз толори додгоҳ озод шуд

[b]Додгоҳи шаҳри Табошар Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигор дар шимоли Тоҷикистонро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.[/b]

Ин хабарнигори нашрияи маҳаллии «Нури Зиндагӣ» пас аз 11 моҳи боздошташ ба иттиҳоми «таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» пас аз эъломи ҳукми додгоҳ дар Хуҷанд дар рӯзи 14-уми октябр аз толори додгоҳ озод шуд.

Саодат Атоева, қозии парванда гуфт, ки ӯ ба пардохти ҷаримаи 52 ҳазору 500 сомонӣ ба давлат ва ба се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум шуд. Аммо ба далели ин, ки оқои Исмоъилов даҳ моҳу 26 рӯзи худро дар боздошт сипарӣ кард вай акнун танҳо бояд 35 ҳазор сомонӣ ба давлат ҷарима супорад.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи оқои Исмоъилов ҳукмb додгоҳро «одилона» хонд ва гуфт, ки алайҳи ҳукми ин додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят нахоҳад бурд.

Ҳарчанд оқои Исмоъилов дар иттиҳомоти ворида ба ӯ, яъне «тӯҳмат, тамаъҷӯйӣ ва маҳалгароӣ» муҷрим шинохта шуд, бо дарназардошти озод шудани ин хабарнигор аз толори додгоҳ, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ? ҳукми додгоҳро «мунсифона» хонд.

Вай гуфт: «Bн ҳукми додгоҳ дарвоқеъ тантанаи адолат дар Тоҷикистон аст ва озодии ин хабарнигор аз боздошт обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло хоҳад бурд.»

Оқои Исмоъилов барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти давлатии ноҳияи Ашт боздошт шуда ва аз 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Вай аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ ба «тамаъҷӯӣ, маҳаллгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» муттаҳам шудааст.

Амирҷон Ғафуров, додситон ва айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб карда буд, ин хабарнигори тоҷик ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон шавад ва тибқи қонуни авф 2 сол ҳукми вай кам карда шавад.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, дар баёнияи худ боздошти Муҳаммадюсуф Исмоъиловро маҳкум карда ва гуфта буд, ки аз дархости додситонӣ, яъне таъйини 16 сол зиндон ба иттиҳоми «тӯҳмат» ба ин хабарнигор «ваҳшатзада» шудааст.

Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, дар ҷаласаи додгоҳ, ки имрӯз 13 октябр, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зимни охирин суханаш аз додгоҳ дархости табраъа карда буд.

Қазияи додгоҳии ин хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» вокунишҳои густардаи созмонҳои дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ пайваста боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Созмонҳои бонуфузи Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон (CPJ) аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки Маҳмудюсуф Исмоъиловро озод кунад.

Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 мtлодӣ дар Тоҷикистон чанд нашрия бо баҳонаҳои мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои нашри матолиби интиқодомез бо фишори мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111014_sq_aa_media_ismailov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *