Би-Би-Сӣ дафтари кориашро дар Тоҷикистон бастанист

Хабаргузории Би-Би-Сӣ (BBC) тасмим гирифтааст, ки дафтари кориашро дар Тоҷикистон куллан бубандад. Аммо то ҳол ягон далели расмӣ касе пешниҳод накардааст.

Ба ҳар сурат, нафарони огоҳ аз матбуоти ватанӣ сабаби баста шудани ин хабаргузориро асосан ба кам гардидани теъдоди хонандаҳояш рабт медиҳанд.
Би-Би-Сӣ (BBC) яке аз торнамо ё сомонаи хеле фаъол буд, ки қариб ҳамеша аввалин хабарҳои дохили кишварро ба хонандагон пешщниҳод мекард. Вале аз ин ба баъд бахши тоҷикии ин радиоро низ хоҳад баст ва танҳо хабарҳои Тоҷикистон дар яке аз гӯшаҳои саҳифаи форсии Би-Би-Сӣ ҷо хоҳад гирифт.
Дар торнамои он беш аз шаш рӯзноманигори бахши тоҷикӣ — Зеваршоҳи Муҳаммад, Зарринаи Хушвақт, Мардони Муҳаммад, Искандари Фирӯз, Шамсияи Қосим, Рӯзигул дар Душанбе кор мекарданд. Бахши ӯзбекии онро Урунбой Усмонов, хабарнигори радиои Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд ба ӯҳда дошт.
Ҳоло дар Душанбе хабарнигори телвизиони форсии Би-Би-Сӣ — Сӯҳроби Зиё ва масъули бахши русии Би-Би-Сӣ Анора Саркорова ба фаъолияташон идома хоҳанд дод. Инчунин, Исфандиёри Одина ба ҳайси маъсули намояндагии Би-Би-Сӣ боқӣ мемондааст.
Би-Би-Сӣ, ки дар оғоз танҳо аз радио иборат буд, дар даврони шӯравии пешин мамнӯъ буд ва танҳо хабарнигорони он баъди азҳампошии ин низом ба Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Аз ҷумла Маъсумаи Турфа аз нахустин хабарнигорони Би-Би-Сӣ буд, ки дар оғози солҳои навадум аз Лондон ба Душанбе омада, даргириҳои дохилии кишварро аз наздик пайгирӣ кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *