BHR: “Қарори додгоҳ нисбат ба Тутубалина зидди меъёрҳои байналмилалист”

Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз 30 ҳазор ҷарима шудани Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс” аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигаронӣ карда, онро талоши мақомот барои маҳдудсозии озодии баён донистааст. Ин созмон дар изҳороти худ, ки рӯзи 26 феврал пахш кард, гуфтааст, “қарори додгоҳ хилофи меъёрҳои байналмилалист”. 

Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар изҳороти худ, инчунин, аз моддаи 30-и Қонуни асосии Тоҷикистон иқтибос овардааст, ки бар асоси он ҳар нафар ҳаққи озодии баёнро дошта, таъқибу сензураи давлатӣ барои танқид манъ мебошад. “Ҳангоми содир кардани қарор додгоҳ бояд бандҳои махсуси қонунҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба эътибор бигирад. Бояд ҳаминро гӯем, ки муаллиф дар матлаби худ ному насаби касеро нагирифта, танҳо аз ибораи В.И.Ленин истифода кардааст. Ҳатто агар ин назари шахсии хабарнигор ҳам бошад, ҳаққи мунташир карданро дошт”,-омадааст дар изҳорот.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина — муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, муаллиф ва “Азия-Плюс” вазифадоранд, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намоянд ва ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт кунанд. Ба қавли додрас, ин се нафар, ки худро зиёӣ мешуморанд, баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина зарари маънавӣ дидаанд.

Аммо Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, “дар парванда мушаххас нест, ки даъвогарон чӣ гуна фишорҳои равониву физикӣ дидаанд ва додгоҳ онро чӣ гуна мушаххас кардааст? Аз ин хотир, аз коллегияи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии додгоҳи шаҳри Душанбе даъват мекунем, ки ин парвандаро мунсифонаву боадолатона баррасӣ намояд.”

Ин баҳси додгоҳӣ баъд аз нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции”-и Олга Тутубалина, ки дар пайи бозгаштиБозор Собир аз Амрико чоп шуд, оғоз ёфт. Тутубалина дар ин матлабаш аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурда ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/15082-bhr-arori-dodgoi-firdavs-ziddi-meeroi-baynalmilalist.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *