Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба даҳҳо сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет маҳдуд шудааст. Аммо Хадамоти алоқа мегӯяд, барои бастани ҳеҷ сайте амр надодааст.
Бег Сабурӣ , раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоде, ки масъулияти танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобилро дар ин кишвар бар дӯш дорад, даст доштани идорааш дар бастани шабакаҳои иҷтимоие, чун Фейсбук, ВКонтакте ва даҳҳо сомонаҳои хабариро рад кардааст.
Бег Сабурӣ рӯзи 6 октябр ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст: «Ман ягон хел амр барои бастани Фейсбук ва шабакаҳои дигар надодаам.» Бег Сабурӣ ваъда додааст, ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард, вале ҳамзамон эътироф кардааст, «5 октябр дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешуд ва таҷлили ид имрӯз ҳам идома дорад, аз ин рӯ, имкон дорад, ки баъзе кӯтоҳиҳои фаннӣ ҳам ҷой дошта бошанд.»
Ӯ ҳамчунин бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро айбдор кардааст, ки «аз ҳад зиёд сиёсатзада шудаанд ва ба ҷои таблиғи сулҳу оромӣ дар ҷомиа низоъ бармеангезанд ва ҳамчунин даъватҳову гуфтаҳои ифротиро нашр мекунанд.» Аз ин пештар Рафиқҷон Шокиров, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “хабари баста шудани сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, дар қаламрави Тоҷикистон асос надорад ва нодуруст аст.” Оқои Шокиров афзуд: ”Ин хел гапу корҳо нест. Мо дар хона ҳастем, дам мегирем. Имрӯз истироҳат аст.”
Ҳарчанд раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва муоинаш мегӯянд, барои бастани кадом сайте амр надодаанд, аммо аз субҳи якшанбе ба ин тараф дар Тоҷикистон, ба гуфтаи корбарон, шабакаҳои иҷтимоииФейсбук, ВКонтакте, Ютюб ва даҳҳо сомонаи дигар дастнорас шудаанд. Корбарон аз ҷумла аз дастнорас шудани сомонаҳое, чунВикипедиа, Амазон. сом, Вести. Ру, Озодагон, Лента. Ру, МК. Ру, Микс.Ру ва даҳҳо вебсайти дигар шикоят мекунанд.
Шумораи торнамоҳои басташуда дар Тоҷикистон дақиқ нест ва баъзе аз хабаргузориҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ теъдоди сайтҳои дастнорасро 300-то гуфтаанд.
Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шумора ва рӯйхати торнамоҳои басташуда аниқ нест. Мо ҳоло аз роҳи санҷидан теъдоди сомонаҳои масдудшударо муайян карда истодаем. Барои ин дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз корбарон хоҳиш кардем, ки торнамоҳои басташударо дар он ҷо нависанд.”
Талошҳои мо барои муайян кардани сабаби масдуд будани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳои хабари аз ширкатҳои интернетрасон бенатиҷа анҷом ёфт. Танҳо дар бахши техникии ширкати “Билайн” дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодӣ ҳамчун муштарӣ гуфтанд, ки “дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабабҳои новобаста аз ширкат маҳуд карда шудааст.”
http://www.ozodi.org/content/blocked-facebook-and-other-websites-in-tajikistan/26622285.html