Суди олии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол шикояти кассатсионии вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ», ки ба 11 соли зиндон бо щукми суди вилояти Суғд маҳкум шуда буд, дастрас накардааст.
Ин дар ҳолест, ки вакили дифоъи Исмоилов мегӯяд, ҳанӯз 16-уми январ шикояти кассатсионии худро тавассути почта ба Суди олӣ фиристодааст.
-Чандин маротиба ба Почтаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардам, ки чаро мактуб ба суд нарасидааст. Онҳо доим мегӯянд, ки шикояти касатсионии мо расидааст. Рӯзи душанбеи гузашта ҳам гуфтанд, ки шикояти моро расонидаанд. Намедонам барои чӣ он то ҳол ба Суди олӣ нарасидааст, -мегӯяд, вакили дифоъ.
Ёдрас мешавем, ки қаблан ҳам Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди вилояти Суғд ва ҳам Раёсати ин Суд ҳукми Суди сайёри ноҳияи Мастчоҳро дар бораи 11 сол ҳабс намудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки ба амаъҷӯӣ муттаҳам шудааст, бетағйир гузоштанд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки 28-уми октябри соли равон барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ҳукми судро ноодилона арзёбӣ мекунад.
Мувофиқи ҳукми Суд, Муҳаммадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Муҳаммадюсуф Исмоилов аз Суд 14 соли зиндонро талаб карда буд.
Адвокати рӯзноманигор — Садриддни Саидов — дар мурофиа гуфт: «Айбҳои эълоннамуда нисбати Исмоилов дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ исботи худро наёфтанд ва далели сабти овоз аз сӯҳбати телефонии Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки гӯё тамаъҷӯӣ кардааст, фикри айбдориро собит накардааст».
Худи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар рӯзи аввали мурофиаи судиаш, ки 22-юми октябр шурӯъ шуда буд, гуфт, ки «худро гунаҳкор намеҳисобад».
http://www.tojnews.tj/btkhabarii-sudi-oli-az-shikoyati-advokati-usmoilov