Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур шоми 10 январ намояндагони ширкатҳои мобил ва интернетро даъват карда, аз нав дастур додааст, ки рақамҳои НҶН-ро бубанданд.
Бег Сабур рӯзи 18 декабр рақамҳои НҶН-и 10 ширкатро баста буд, вале рӯзи 9 январ, дар пайи мавҷи интиқодҳо бо дахолати комиссияи давлатӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ин навъи арзони зангҳои телефонӣ дар Тоҷикистон аз нав барқарор шуд. Аммо ҳамагӣ барои якуним рӯз…
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шоми 10 январ намояндагони тамоми ширкатҳои мобил ва интернетро даъват карда, ба онҳо дастури шифоҳӣ додааст, ки рақамҳои НҶН-ро дубора бубанданд.
Бег Сабур гуфтааст, ки ширкатҳо рӯзи 9 январ бидуни иҷозат ин навъи арзони хидматрасониро барқарор кардаанд. «Ман қарорамро бекор накардаам,» — гуфтааст Бег Сабур хитоб ба роҳбарони ширкатҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон дар ин ҷаласа.
Муштариёни НҶН мегӯянд, аз шоми 10 январ ин навъи алоқа дубора дастнорас шуд.
Бег Сабур 27 ноябр дар як ҷаласа аз ширкатҳои мобил талаб карда буд, ки «барои амнияти давлат” телефонҳои НҶН-ро бубанданд. Дар ҳамон ҷаласа Бег Сабур ҳамчунин ба ширкатҳои мобил дастур дод, то роҳҳои бастани мессенҷерҳои маъруфе, чун Viber, WhatsApp, Telegram ва IMO-ро низ биомӯзанд.
http://tajikistantimes.tj/tajikistan/beg-sabur-gapi-man-yaktost/