[b]Шаби 29-ум ба 30-юми июл, дастрасӣ ба сомонаҳои БибиСи ва Вести.ру дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардид. Ин амал бо дастури расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.[/b]
Ин иттилоъро намояндагони ширкатҳои фароҳамсози Тоҷикистон, ки нахостанд номашон ифшо гардад, тасдиқ карданд, аммо дар Хадамоти алоқа аз додани иттилоъи расмӣ худдорӣ намуданд.
Ба қавли корбарони Интернет, сабаби чунин маҳдудозӣ метавонад сабти видеоӣ бошад, ки гӯё аз маҳалли ҳаводиси Хоруғ буда, дар он саҳнаи ваҳшиёна кушта шудани як нафар ғайринизомӣ акс шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бахши русии ВВС танҳо расона буд, ки аз соатҳои аввали оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ иттилоъ пахш кард, аммо чанд иттилоъи пахшкардаи он, аз ҷумла бобати кушта шудани 200 тан аз аҳолии осоишта амалан тасдиқ нашуд.
Дар робита бо ин воқеъаҳо пештар сомонаи ожонсии хабарии Азия Плюс низ баста шуда буд, аммо пас аз як шабонарӯз кушода гашт. Сомонаҳои дигар, аз он ҷумла, сервери бузургтарини видеоӣ Youtube.com ва шабакаи иҷтимоии Twitter низ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дастнорасанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 21-уми июли соли равон генерал-майор Абдулло Назаров, раиси бахши вилоятии КДАМ дар Бадахшон дар маҳаллаи Наводак ба таври ваҳшиёна ба қатл расид. Дар паи ин ҳодиса, нерӯҳои ҳукуматӣ бо шумули ҷузъу томҳои ҳарбӣ, рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсусеро барои дастгир намудани гумонбаршудагон, ки тибқи иттилоъи расмӣ, гуё дар як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ зери раҳбарии Толиб Айёмбеков сарҷамъанд, оғоз намуданд, ки алҳол муваффақ нашудааст.
Рустам МАҶИДОВ
Источник: http://www.tojnews.org/node/3417