[b]Дар мавриди қазияи хабарнигори Би- Би-Сӣ Урунбой Усмонов дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон арз дошт, ки «имрӯз бегуноҳии ӯро ягон кас исбот накардааст, танҳо ба воситаи забонхат аз ҳабс озод карданд, ки ҷойи зисти доимияшро тарк наменамояд».[/b]
Абдураҳим Қаҳҳоров инчунин илова намуд: «Тафтишот нисбати шахсони аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» мувофиқи Қонуни мурофиавӣ дар салоҳтияти амнияти миллӣ мебошад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир карданд ва бо ҳуҷҷатҳои тасдиқнамуда ба амнияти миллӣ пешниҳод карданд. Амнияти миллӣ ҳуҷҷатҳоро омӯхта, асос пайдо карда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва нисбати ӯ барои дар ҳабс нигоҳ доштан қарор қабул шуд».
Ба саволи хабарнигорон дар хусуси он, ки агар бегуноҳии Усмонов исбот шавад, шахсони ӯро дастгирнамуда ҷазо мебинанд, номбурда афзуд, ки «ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд».
Фаридуни УМАРБЕК, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16248&Itemid=30