Баррасии як соли фаъолияти Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон

Масъулони Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки тайи як соли ахир дар додгоҳҳо ва ниҳодҳои давлатӣ дар чанд маврид аз ҳуқуқ ва манофеъи рӯзноманигорон дифоъ кардаанд.

Дар ҳамоиши солонаи ин шӯро дар рӯзи панҷшанбеи 2 декабр таъкид шуд, ки ин ниҳод дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз мавзеъи нашрияҳои мустақилли “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Пайкон”, “Asia-Plus” ва “Миллат” ҳимоят кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи дуктур Иброҳим Усмонов, раиси Шӯрои расонаҳо, дар пайи масдуд шудани сойтҳои интернетии “Tojnews” ва “Avesta” ва эҷоди мушкилу мавонеъ дар роҳи нашри “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” ин шӯро барои ҳалли мусолиматомези ин мушкил ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиъа кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Толибов, сардабири нашрияи мустақилли “Пайкон”, нисбат ба натиҷагирӣ аз кори шӯро эътироз карда ва гуфт, Акбари Саттор ва Шарифи Ҳамдампур, масъулони чопхонаҳои хусусии “Интишор” ва “Оила”, ки ҳамзамон узви раёсати Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ҳастанд, дар пайи фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ аз чопи нашрияҳои мустақил сарпечӣ мекунанд.

Шарифи Ҳамдампур, масъули чопхонаи “Оила”, ба навбаи худ гуфт, ки Ҷумъа Толибов барои чопи нашрияи “Пайкон” аз ин чопхона ба миқдори 30 ҳазор сомонӣ ё беш аз 6 ҳазор дулори омрикоӣ бидеҳкор аст. Вай афзуд, ки дар сурати пардохт шудани ин бидеҳӣ чопи нашрияи “Пайкон” аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ҳамзамон, аъзои раёсати Шӯрои расонаҳо гуфтанд дар ҳалли мушкили озодии баён, ки дар пайи ҳаводиси водии Рашт ва фишорҳои мақомоти давлатӣ бар нашрия ва расонаҳои мустақил бештар шуда, талошҳои зиёде ба харҷ додаанд.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ҳеч ниҳоди давлатӣ масъулияти масдуд кардани сойтҳои интернетии дохилию хориҷӣ ва мутаваққиф шудани чопи нашрияҳои мустақиллро ба ӯҳда нагирифтааст, ҳалли ин муъаммо аз тариқи додгоҳ ғайримумкин будааст.

Зимнан, дар ҳамоиши солонаи Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар зарфи як соли фаъолияташ ин ниҳод аз рӯзноманигорон 21 шикоят дарёфт карда ва аз ин миён, 9 шикоятро, ки ба ҳимояти ҳуқуқ ва манофеъи рӯзноманигорон марбут буд, баррасӣ кардааст.

Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон 30 октябри соли гузашта аз сӯйи созмонҳои хабарнигорӣ, нашрияҳо ва рӯзноманигорон ва бо кумаки молии Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо таъсис шуда ва дифоъ аз манофеъи расонаҳою рӯзноманигорон ва боло бурдани сатҳи рӯзноманигорӣ дар кишварро аз аҳдофи худ хонда буд.

Аз ҷумла, таъкид шуда буд, ки тавассути ин шӯро низоъҳои эҳтимолӣ миёни нашрияҳо ё рӯзноманигорон ва шаҳрвандон ё ниҳодҳои мухталиф баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо ҷустуҷӯ хоҳад шуд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101202_mm_press.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *