Субҳи 20-уми март Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди шаҳри Душанбе шикояти Амруллоҳи Низом, хабарнигори “TojNews”-ро аз болои қарори суди марҳилаи якум (қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт) баррасӣ мекунад.
19-уми феврали соли ҷорӣ Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор кард, ки Амруллоҳи Низом (Амрулло Низомов) дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шавад ва ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 280 (дусаду ҳаштод) сомонӣ таъйин карда шавад.
Хабарнигори “TojNews” аз болои қарори суди ноҳия Шоҳмансур тариқи ҳамин Суд ба Суди кассатсионии шаҳри Душанбе шикоят бурд.
Амруллоҳи Низом 12-уми январи соли ҷорӣ барои дарёфти иттилоъ дар бораи ҷарима кардани донишҷӯе, ки дар пайи намоз гузоштан дар як масҷиди ғайрирасмӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷарима шуда буд, ба ин Кумита муроҷиат кард.
Хабарнигор ҳангоми муроҷиат кардан ба ин Кумита аз посбони он хост, то мулоқоти ӯро бо масъулин ҳамоҳанг созад, вале дар ҷавоб посбон гуфт, ки бинобар сабабҳои гуногун афродоре, ки дар муҳокимаи донишҷӯй ҳузур доштанд, то ҳол ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, бинобар хабарнигор талаб кард, ки чун рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси Кумита аст, мулоқоташро бо раис ҳамоҳанг намояд.
Баъд аз, тақрибан, ҳудуди 15 дақиқаи интизорӣ дар ҳавои сард, бо як занги телефон муносибати посбон бо хабарнигор куллан тағйир ёфт ва ҳарчанд хабарнигор талош кард, ки барои гирифтани маълумот бо раиси Кумитаи дин вохӯрад, талошҳояш бенатиҷа монд.
Масъулони Кумитаи оид ба корҳои дин ҳамин амали Амруллоҳи Низомро навъе «авбошӣ» ва «тавҳин ба кормандони ин кумита» дониста, ба Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат карданд ва чор нафар аз масъулини ин раёсат бо сардории Абдусамад Боймуродов, мудири шуъбаи мубориза зидди экстремизм пас аз чор шабонарӯз ба идораи Тоҷнюс омада, кӯшиши боздошти хабарнигорро карданд.
Аммо ба далели набудани асноди расмӣ барои боздошт ва интиқоли хабарнигор ба Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД хабарнигор ва раҳбари хабаргузории «TojNews» талаби онҳоро рад карда, аз рафтан бо онҳо худдорӣ карданд.
17 янавари соли ҷорӣ хабарнигор ин рафтор ва муносибати масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин ва Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилро хилофи талаботи қонунгузории кишвар дониста, аз болои масъулини зидахли ҳар ду ниҳод ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурд.
22-юми январ У. М. Зоиров, сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД бо тартиб додани як қарор Амруллоҳи Низомро дар вайрон кардани тартиботи ҷамъият муттаҳам кард ва парвандаро ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол кард.
28-уми январ Амруллоҳи Низом ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба муносибати масъулини Кумитаи дин, масъулини Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва қарори он шикоят бурд.
Хабарнигор дар аризаи шикоятиаш оварда буд, ки «асосҳои қонунӣ барои муроҷиати тобеъони раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов ба Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вуҷуд надоранд, ки инро сабти пурраи видеоии саҳни ҳавлӣ ва роҳраву утоқҳои бинои Кумитаи мавриди зикр исботи он мебошанд.
— Раиси Кумита оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов нисбати ман аз замони чопи мақолаҳои “Фатвои Шӯрои уламо 80 сомонист, фатво-да биё, бача!” ва “А. Холиқов, мардумро бо каҷфаҳмию камфаҳмии худ гумроҳ накунед! ” ва ғ.ҳ. ғараз дошта, нишондодҳои тобеъони он бардурӯғанд.
Ҳамчунин, хабарнигор навишта буд: — Масъулини Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пеш аз ворид шудани аризаи шикоятӣ дар дафтари кории “Нигоҳ” кўшиши боздошти ғайриқонунии маро карданд. Онҳо бархилофи талаби ман дар асоси қонунгузории ҷории Тоҷикистон нусхаи қарори мавриди зикрро ба ман надоданд.
Ронанда ва роҳбари дастгоҳи Кумита оид ба корҳои дин аз доираи салоҳиятҳои кории худ берун шуда, ба фаъолиятҳои касбии журналист монеъ шудаанд, ки бархилофи Сарқонуни ҶТ ва Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” мебошад.
Хабарнигор бо овардани ин ваҷҳҳо аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост кардааст, ки «сабти назорати видеоии бинои Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳуриро, ки аз 12 то 19-уми январи соли 2013 дар бар гирад, талаб намоед, то поккорӣ ё коркард нашавад». Ҳамчунин, «салоҳиятҳои кории посбон, ронанда ва роҳбари Дастгоҳи Кумитаро муайян намуда, ба амалҳои онҳо, ҳамчунин, ба амалҳои масъулини Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.
http://tojnews.tj/sudi-shari-dushanbe-shikoyati-khabarnigorro-barrasi-mekunad