БАРРАСИИ ШИКОЯТИ КАССАТСИОНИИ МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ

27-уми ноябр баррасии шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми Муҳаммадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки  28-уми октябр бо ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, оғоз мешавад.

Дар ин бора ба TojNews Садриддин Саидов, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабар дод.

Бино ба иттилои вакили дифоъ, «муҳокима пагоҳ, 27-уми ноябр, дар Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди вилояти Суғд баррасӣ хоҳад шуд».

«Мо дар шикоятамон аз Суди вилояти Суғд тақозо кардем, то ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ дар бораи 11 сол зиндонӣ кардани Муҳаммадюсуф Исмоиловро бекор кунад», — мегӯяд Садриддин Саидов.

Ҳамзамон, Саидов гуфт: «Дар сурати бетағйир мондани ҳукм аз ҷониби Коллегияи суди вилояти Суғд ба зинаи болоии судӣ аризаи даъвогӣ хоҳанд бурд».

Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки дар таърихи 28-уми октябри соли равон бо ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ҳукми судро ноодилона арзёбӣ карда буд.

Мувофиқи ҳукми суд, Муҳаммадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад, аз Суд 14 соли зиндонро талаб карда буд.

Адвокати рӯзноманигор — Садриддни Саидов — дар мурофиа гуфт: «Айбҳои эълоннамуда нисбати Исмоилов дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ исботи худро наёфтанд ва далели сабти овоз аз сӯҳбати телефонии Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки гӯё тамаъҷӯӣ кардааст, фикри айбдориро собит накардааст».

Худи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар рӯзи аввали мурофиаи судиаш, ки 22-юми октябр шурӯъ шуда буд, гуфт, ки «худро гунаҳкор намеҳисобад».

http://www.tojnews.tj/barrasii-shikoyati-kassatsonii-Muhammadusuf-ismoilov

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *