Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» конфронси илмию амалии байналхалқӣ доир мегардад.
Тавре мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ Гулов С.Н. дар ин робита гуфт, ин конфронс нақшавӣ буда, ба 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида шудааст.
«ВАО имрӯз дар робитаҳои кишварҳои минтақа нақши муҳим доранд. Ҳатто баъзан дар ҳалли муаммоҳои бавуҷудомада чун фишанг истифода мешаванд», — мегӯяд ӯ.
Дар конфронс зиёда аз 20 маърӯзаи илмӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Аз ҷумла, профессори кафедраи назария ва таърихи журналистикаи Донишгоҳи славянӣ Нуралиев А. дар мавзӯи “Азия Плюс” оид ба робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон”, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Гулов С. оид ба “Расонаҳои Тоҷикистон ва робитаҳои минтақавӣ”, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ Муқимов М. дар бораи “Инъикоси муноқишаҳои сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон” ва мудири кафедраи ВАО чопӣ ва PR Донишгоҳи славянӣ Муллоев Ш. оид ба “Рушди интернет дар Тоҷикистон” маърӯза хоҳанд кард.
http://news.tj/tj/news/barrasii-na-shi-vao-dar-amgiroii-kishvar-oi-osiei-markaz-dar-dmt