Баррасии масоили вобаста ба рушди телевизион ва радиоҳои мустақил дар пойтахт

[b]Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ доир гардид. Тавре раиси Ассотсиатсия Зинатулло Исмоилов хабар дод, роҳбарони ВАО-и электронии мустақили кишвар аз шаҳри Душанбе, вилоёти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ масоили вобаста ба рушди телевизион ва радиоҳои мустақилро баррасӣ намуданд.[/b]

Қайд гардид, ки муттаҳид намудани иқдомот бобати табодули ахбор, беҳтар намудани сифати барномаҳо, мушаххас намудани имконот ва зарфияти телевизион ва радиоҳои мустақил ҷиҳати гузариш ба пахши рақамӣ аз ҳадафҳои асосии Ассотсиатсия маҳсуб мегардад.

Дар ҷаласа роҳбарони ширкатҳои телевизиониву радиоии «Азия» ва «СМ-1»-и шаҳри Хуҷанд ва «Азия-плюс»-и шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки ба Ассотсиатсия ҳамроҳ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ моҳи августи соли 2011 таъсис ёфта, муассисони он — ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Қӯрғонтеппа», ТВ «Мавҷи озод»-и Восеъ, ТВ 5 -и Конибодом, ТВ «Симо»-и Панҷакент ва ҶДММ «Ориёномедиа» мебошанд.

Нилуфари КАРИМ

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=20696&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *