Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯъи «Маълумоти кушода дар заминаи ҳукумати электронӣ: равишхои байналмилалӣ ва таҷрибаи Молдова дар заминаи Тоҷикистон» дар Донишкадаи идораи давлатии назди Президенти ҶТ, семинари дурӯза ба кор оғоз кард. Семинар дар доираи лоиҳаи «Инкишофи маълумотҳои кушода дар ҶТ» — и Бунёди ҷамъиятии «Интернет» бо дастгирии молии Шуъбаи байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Тавре аз Шуъбаи байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи ин семинар муаррифии мафҳумҳое чун «маълумоти кушода» ва «ҳукумати кушода» барои хидматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои байналмилалӣ аст. Ба хотири баррасии модулҳои идоракунии имконпазири маълумотҳои кушода ва санадхои меъёрӣ-ҳуқуқии зарурӣ дар Точикистон дар ин семинар намояндагони хидматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.
Мутахассисони Институти ҳукумати кушодаи Ҷумҳурии Молдова — Константин Русу ва Николае Кретсу бо иштирокчиёни семинар масъалаҳоеро аз қабили ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба маълумоти кушода ва донишҳои кушода, омилҳои маълумоти кушода, аз дастрасӣ ба иттилоот то коркарди дубораи иттилооти оммавӣ, баррасӣ менамоянд.
Маълумот: «Маълумоти кушода (англ. open data) мафҳумест баёнгари он идея, ки маълумоти муайян бояд барои истифода ва бознашр бидуни маҳдудияти ҳуқуқи муаллифӣ, иҷозатнома ва дигар механизмҳои назоратӣ, дар дастрасии озод бошанд. Аз амалӣ шудани мафҳуми «ҳукумати кушода» фоидаи бевосита ва бавоситаи он на танҳо ба ҳукумат, балки қабл аз хама ба шаҳрвандон мерасад.
http://www.news.tj/tj/news/barrasii-malumoti-kushoda-dar-zaminai-ukumati-elektron-dar-dushanbe