Имрӯз 10-уми феврал соат 10:00, дар бинои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии дубораи парвандаи «Аскар Ҳаким- 150 000 с» алайҳи ҳафтаномаи «Самак» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Самак” бори аввал бинобар насупоридани боҷи давлатӣ аз ҷониби Аскар Ҳаким ба маблағи 1050 сомонӣ баррасии парванда беҳаракат монда шуда буд. Ин бор аз аризаи даъвогии такрори чунин бармеояд, ки номбурда ҳамаги ду сомонӣ боҷи давлати супоридааст ва бар ивази он мехоҳад соҳиби 150 000 сомонӣ шавад.
Ёдрас мешавем, ки бинобар ислоҳ нашудани камбудиҳо аз ҷониби шоир Аскар Ҳаким, дар таърихи 7-уми октябри соли гузашта парванда алайҳи ҳафтаномаи «Самак» қатъ гардида буд.
Аскар Ҳаким, ки ҳафтаномаи «Самак»-ро барои паст задани шаъну эътибораш ба суд кашида буд, даъво дорад, барои таҳқир нашрия ба вай 150 ҳазор сомонӣ супорад.
Худи шоир аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карда, гуфт: «Бо ин кор вакили мудофеи ман машғул аст ва ман дар ин бора вақти гап задан надорам».
Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Самак”, мегӯяд, як хатои техникӣ боиси ин баҳс шуда, шоир Аскар Ҳаким мехоҳад аз ҳафтанома 150 ҳазор сомонӣ маблағ рӯёнад.
Дар ҳоле ки ҳафтанома бо риояи қонун ҳам тасҳеҳ ва ҳам ҷавоби шоирро баъд аз матлаби баҳсӣ нашр кард, аммо Аскар Ҳаким бо аризаи даъвогӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурдааст.
— 21-уми марти соли ҷорӣ дар шумораи №13-и ҳафтанома мақолае бо номи “Зиёиёни бемушкили тоҷик” нашр шуда буд. Ин мақола як навъ бардошти хабарнигори мо — Шаҳбози Нур бо зиёиёни тоҷик буд. Дар ин матлаб сухан дар атрофи фаъолияти зиёиён мерафт.
Аслан, дар ин ҷо сухан дар бораи қазияи машҳури Иттифоқи рассомон мерафт, аммо бо сабаби дар саҳифа рафтани хатои техникӣ ба ҷойи Иттифоқи рассомон — Иттифоқи нависандагон нашр шудааст. Аскар Ҳаким аз ин норозӣ аст ва даъво дорад, ки гӯё мо дар матлаби нашркардаамон ӯро таҳқиру тӯҳмат намуда, шаъну шарафи ӯро паст задаем.
Ин дар ҳолест, ки дар ин мақола номи Аскар Ҳаким махсус оварда нашуда, балки номи ӯ дар қатори номҳои дигар нависандагон оварда шудааст.
Сармуҳаррири “Самак” гуфт: “Мо дар шумораи баъдӣ тасҳеҳ дода, узр пурсидем. Илова бар ин, ҷавобияи Аскар Ҳакимро се шумора пас пурра нашр намудем. Яъне мо пеш аз ба суд даъво кардани Аскар Ҳаким ҳам тасҳеҳ ва ҳам ҷавобияи Аскар Ҳакимро нашр намуда будем”.
Иноятулло Иноятов, адвокати Шаҳбози Нур ва ҳафтаномаи «Самак», бо пахши як изҳорот гуфт, «аризаи даъвогии шоир Аскар Ҳаким ягон асоси ҳуқуқӣ надорад».
http://www.tojnews.tj/barrasii-duborai-parvandai-haftanomai-samak-bo-davoi-askar-hakim