БАРРАСИИ ДАСТОВАРДҲО ВА МУШКИЛОТИ ВАО ДАР РӮЗИ ОЗОДИИ МАТБУОТ

Душанбе, 2.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо, 3 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии озодии матбуот таҷлил мегардад. Дар робита  ба ин сана 3 май дар «Кохи ваҳдат»-и Душанбе  дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти ВАО дар Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Созмондиҳандагони конфронс Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, он бо дастгирии бархе аз созмонҳои байналмилалӣ,  аз қабили намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндагиҳои Пажӯҳишгоҳи низоъ ва сулҳ дар Тоҷикистон, Интернюс Нетворк ва Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов-ноиби  раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  ба конфронси ҷумҳуриявӣ беш аз 100 нафар  роҳбарон ва намояндагони ВАО-и  давлатӣ ва мустақил, мутахассисон ва коршиносони бахши матбуот, намояндагони Хукумати кишвар, вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.

Хадафи конфронс таҳлили дастовардҳо, дурнамо ва мушкилоти ВАО дар зарфи солҳои охир дар Тоҷикистон буда, интизор меравад, ки дар ин нишаст дар мавриди рушди минбъадаи озодии баён дар кишвар тавсияҳо қабул шаванд.

http://khovar.tj/society/33624-barrasii-dastovard1203o-va-mushkiloti-vao-dar-r1263zi-ozodii-matbuot.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *