БАРРАСИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ГУЗАРИШ БА ПАХШИ РАҚАМӢ

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини гурўҳи якҷояи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ» доир гардид.

Раиси гурўҳ, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Ҳикматов изҳор намуд, ки гурўҳи мазкур бо мақсади омўзиш ва баррасии пешниҳодҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва шаҳрвандон бобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» таъсис ёфтааст. Ба ин гурўҳ панҷ нафар аз Кумитаи телевизион ва радио ва ҶСК «Телерадиоком», 1 нафар аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳа шомиланд.

Дар ҷаласаи нахустин Барномаи давлатӣ банд ба банд муҳокима ва пешниҳоди иштирокчиёни гурўҳ  шунида шуд. Дар муҳокимаи барнома аъзои гурўҳи якҷояи корӣ Шаҳло Акобирова, Умрилло Меликов, Зинатуло Исмоилов, Рустами Ҷонӣ, Асомуддин Атоев, Ранжет Ятимов, Аъзамхон Акбаров ва Файзулло Солеҳов фаъолона иштирок намуданд. Қарор шуд, ки пешниҳодоти аъзои гурўҳ то ҷаласаи навбатӣ, ки рўзи 27  феврал баргузор мегардад,  ҳамаҷониба омўхта шаванд ва барои баррасӣ пешниҳод гарданд.

Ёдовар мешавем, ки гурўҳи якҷояи корӣ, ки фаъолияташро дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст, бо пешниҳоди Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҶТ ва бо мақсади мушаххас сохтани мақоми шабакаҳои мустақили телевизионӣ ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ таъсис ёфтааст.

Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад.

http://khovar.tj/society/32011-barrasii-barnomai-davlatii-guzarish-ba-pahshi-ra1179am1251.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *