Абдуҷаббор Раҳмонзода бо гуруҳе аз намояндагони расонаҳо баргузории Анҷумани Иттифоқи журналистонро баррасӣ кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, 7-уми январ дар ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа “масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими ҷумҳурияӣ”-ро баррасӣ кардаанд. Аз ҷумла дар мулоқоти Раҳмонзода бо намояндагони расонаҳо дар бораи баргузории Анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суҳбат кардаанд.
Дар назар аст, ки Анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 16-уми январ баргузор шавад. Дар назар аст, ки дар Анҷуман ҳисоботи муовини якуми Раиси ИЖ Ёқуб Исмоилзода шунида шавад. Инчунин, комиссияи тафтишотӣ ҳисоб пешниҳод мекунад, гуфта мешавад, ба Оинномаи ИЖ тағйиру иловаҳо ворид хоҳанд кард. Аммо дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шарҳ надодаанд, ки ин тағйирот чиро дар бар хоҳад гирифт. Дар ҳамин Анҷуман ҳайати нави Раёсати Иттифоқи журналистон ва раиси он низ интихоб хоҳад шуд.
Анҷумани мазкур баъд аз марги журналист Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистон баргузор мешавад. Журналист Акбари Саттор 28-уми августи соли равон дар синни 50 солагӣ вафот кард.
Аз Зинатуллои Исмоил, раҳбари Академияи ВАО дар назди Кумитаи телевизион ва радил, Шарифи Ҳамдампур, директори генералии ҶДММ “Оила”, Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири ҳафтаномаи “СССР” ва Ёқуб Исмоилзода, раҳбари маҷмаи табъу нашри “Шарқи озод” ҳамчун номзадҳои эҳтимолӣ ном бурда мешавад. Қаблан, Сайёфи Мизроб дар як навиштааш иброз дошта буд, ки ҳеч гоҳ ин вазифаро баъди дӯсташ Акбари Саттор қабул нахоҳад кард.
Бисёриҳо ба ин назаранд, ки Зинатуллои Исмоил, ки чанде пеш раҳбари Академияи ВАО таъин шуд, эҳтимоли зиёд раиси ИЖ интихоб шавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/barrasii-barguzorii-anchumani-izh-dar-khuzuri-abduchabbor-rakhmonzoda