Барканории Ёқуб Исмоилзода аз раҳбарии “Шарқи Озод”

Ёқуб Исмоилзода аз вазифаи Директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри “Шарқи Озод” барканор шудааст.

Бино ба иттилои манбаъи TojNews аз Дастгоҳи иҷроияи Президент, бо амри Президент Эмомалӣ Раҳмон Исмоилзода аз вазифа сабукдӯш шуд. Манбаъи TojNews мегӯяд, шоми имрӯз то фардо барканории Исмоилзода эълон хоҳад шуд.

Ёқуб Исмоилзода аз моҳи октябри октябри соли 2010 инҷониб дар ин вазифа кор мекард. Пеш аз ӯ дар вазифаи раҳбарии “Шарқи Озод” Манзурхон Додохонов фаъолият мекард, ки тули 14 сол дар ин вазифа буд.

Ёқуб Исмоилзода дар гузашта дар вазифаи мушовир дар Шӯрои амният кор мекард. Ҳоло гуфта мешавад, ки дигарбора ба Дастгоҳи иҷроияи Президент бармегардад.

“Шарқи озод” аз калонтарин маҷмаи табъу нашр ба ҳисоб меравад, ки дар он даҳҳо нашрия рӯи чоп меоянд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/barkanorii-yokub-ismoilzoda-az-rakhbarii-sharki-ozod

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *