[b]Дар идораи Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ, ҳамоиши омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши Шӯрои ВАО дар татбитқи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.[/b]
Бино ба иттилои манбаъ, дар ибтидо сардори Раёсати телевизион ва радиои вилоят, муовини раиси Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Ҳамроҳ Салимов зимни истиқболи меҳмонон изҳор дошт, ки фаъолияти сесолаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон собит намуд, ки механизми худтанзимкунӣ фаъолона амал мекунад ва бобати риояи меъёрҳои ахлоқӣ, талошҳои назаррасе ба чашм мерасанд.
Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов таъкид намуд, ки мақсади ҳамоиш, ба аудиторияи сершумори бинандагон, шунавандагон ва хонандагон пешниҳод намудани маълумот дар бораи Шӯро мебошад. Аъзои Шӯро Мухтор Боқизода ва Иноят Иноятов роҷеъ ба тартиби муроҷиат ба Шӯро, баррасии муроҷиат дар Шӯро ва қабули қарор оид ба шикояти шахсони воқеиву ҳуқуқӣ роҷеъ ба ин ё он нигошта дар воситаҳои ахбор, иттилои муфассале пешниҳод намуданд. Зимни суолу ҷавоб иштирокчиёни ҳамоиш ба суолҳои худ вобаста ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҷудо будани фаъолияти тиҷоративу реклама аз фаъолияти эҷодӣ, ҳодисаҳои асардуздӣ дар ВАО ва тартиби муроҷиат ҳангоми вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ, посух гирифтанд.
Тавре раиси Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов иброз дошт, ин аввалин ҳамоиши омӯзишиест, ки силсилаи чорабиниҳои имсолаи Шӯроро оғоз мебахшад. Дар назар аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷакент ва Исфара, ноҳияҳои Шаҳритӯсу Рашт, 10 чорабинӣ бо ширкати намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, суд, прокуратура, адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25853&Itemid=30