Баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии журналистӣ»

[b]Ба ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши марбут ба мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии журналистӣ» баргузор гашт.[/b]

Тибқи иттилои дабири кулли Шӯрои ВАО Хилватшои Маҳмуд, дар чорабинии мазкур аъзои Шӯро Иброҳим Усмонов ва Қироншоҳ Шарифзода ширкат варзида, ба суолу дархостҳои иштирокчиён посух гуфтанд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки Шӯрои ВАО баргузории якчанд чорабиниҳоро дар манотиқи мухталифи кишвар ба нақша гирифта, дар Душанбе, Суғд низ баргузор мекунад. Ҳамзамо, дар нишаст қайд гардид, ки Шӯрои мазкур ниҳоди танзимкунанда оид ба фаъолияти касбӣ ва меъёрҳои ахлоқии журналистӣ буда, қарору санадҳои қабулшаванда аз сӯи ин ташкилот характери тавсиявӣ доранд.

«Шӯро кӯшиш мекунад, ки баҳсҳои бамиёномадаро дар расонаҳо ва ҷомеаи журналистӣ то ба додгоҳ нарасонида, дар дохили ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл намояд», — гуфт Иброҳим Усмонов.

Маврид ба ёдоварист, ки қабл аз баргузории ин чорабинӣ аъзои Шӯрои ВАО-ро раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов ба ҳузур пазируфта, сӯҳбати пурмуҳтаво доштанд, шаҳрдори Кӯлоб гуфт:

— Бо фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Шӯрои ВАО аз қабили онҳост, ҳукумати маҳаллӣ эътимод дорад.

Дар ин семинар беш аз 50 нафар, аз ҷумла, донишҷӯён, устодони донишгоҳ, шаҳрвандон, намояндагони журналистони маҳаллӣ, намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=26063&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *