Барасии тақдири ВАО-и электронии мустақил дар шаҳри Хуҷанд

Гуфтугӯйи  роҳбарони телевизион ва радиоҳои мустақили кишвар  дар мавриди «Тақдири стансияҳо баъди гузариш ба пахши рақамӣ ва кор бо муштариён» рӯзи  9 феврал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Тавре ба Озодагон аз Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ хабар доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси ассосиатсияи мазкур ва мусоидати молиявии Фонди канадагии ташаббусҳои маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад. Ба ҳозирин дар мавриди тақдири стансияҳо баъди гузариш ба пахши рақамӣ ва кор бо муштариён муовини директори Институти иқтисодиёти Федератсияи Русия Татяна Тихомирова  нақл мекунанд. Инчунин, перомунидурнамои фаъолияти минбаъдаи Ассосиатсия иштироккунандагон маълумот дода мешавад.
“То кунун дар Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ перомуни ҷойгоҳи воситаҳои электронии мустақил ишорае нашудааст. То соли 2015, ки мӯҳлати охири анҷои дурнаои мазкур аст, вақти кам ондааст, аммо тақдири ВАО-и электронии мустақил норавшан аст, ки дастрасии мардумро ба манбаи алтернативии ахбор маҳдуд мекунад”, — мегӯяд манбаъ.

Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад. Муассисони он шабакаҳоти телевизионии «СМТ», «Мавҷи озод» , «Регар», «Қӯрғонтеппа», ҶДММ «Ориёномедиа», ТВ 5-и Конибодом ва ТВ «Симо»-и Панҷакент мебошанд. Айни ҳол 15 воситаи электронии ахбори мустақил узвияти Ассосиатсияро пазируфтаанд.

http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7798-2013-02-06-09-16-48

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *