Бадрафторӣ бо журналистон ё нақзи қонун?

Нақзи ҳуқуқи хабарнигорони Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритус, ки мегӯяд Рамазон Оймаҳмадзода дархости онҳоро барои наворгирӣ барои як барномаи сайёҳӣ ба инобат нагирифтааст.

Раиси ноҳия гуфтааст, ки моил нест, ки онҳо аз ҳудуди ноҳия барнома сабт кунад.

Ин хабар, ки дар расонаҳои онлайнӣ чанд рӯзи пеш нашр шудааст гуфта мешавад, ки Рамазон Оймаҳмадзода чаҳор хабарнигори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлонро дар бинои Ҳукумат гуфтааст, ки онҳо аз ҳудуди ноҳия барнома сабт накунад ва дархости хабарнигоронро барои ҳамкорӣ ва мусоидат кардан барои наворгирӣ қабул накардааст.

Яке аз ин хабарнигорон рӯзи 20 сентиябр дар сӯҳбат ба намояндаи Анҷумани милии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки онҳо чаҳор нафар будаанд, ки шоҳиди сӯҳбати раиси ноҳия шудаанд.

Онҳо рӯзи 6 сентиябр вориди ҳукумати ноҳияи Шаҳритус шудаанд, ки Рамазон Оймаҳмадзода ба онҳо барои пешниҳоди ҳамкорӣ ҷавоби рад додааст, вале хабарнигорон бо гузашти чанд рӯз муносибати раиси ноҳияро бо худашон расонаӣ кардаанд.

Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ дар Хатлон дар мавриди ин қазия гуфт, ки  раиси ноҳияи Шаҳритус Рамазон Оймаҳмадзода хилофи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» амал кардааст.

Телевизиони вилояти Хатлон, ки дар баъзе ноҳияҳои сарҳадӣ мавҷаш қобили тамошо нест аксаран масъулини шаҳру навоҳӣ мегӯяд, ки онҳо чандон моил нестанд, ки бо ин телевизион ҳамкорӣ кунад. Иллати майли ҳамкорӣ надоштани масъулин дар он аст, ки онҳо хабару гузоришҳои аз навоҳии онҳо бардошта шударо наметавонад тамошо кунад.

Ҳарчанд хабарнигорони Раёсати телевизион ва вилояти Хатлон борҳо аз истиқболи роҳбарияти шаҳру навоҳӣ суҳбат мекунад, ин бори аввал аст, ки чунин муносибати раиси ноҳияи Шаҳритусро расман дар расонаҳои онлайнӣ нашр кардаанд.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *