Баъди чопи мақола дар «Фараж» парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

 

27-уми майи соли 2015 аз Прокуратураи генералӣ ба Faraj.tj хабар доданд, ки пас аз нашри мақолаи «Файзобод: Тиҷорат дар қабристон», ки 6-уми майи соли 2015 дар ҳафтаномаи «Фараж» ба табъ расида буд, нисбати гумонбарон ва нафароне, ки дар қазияи мазкур иштирок намудаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.


Бино ба иттилои сарчашмаи мӯътамад аз ин ниҳод, камбудиҳо дар қабристони деҳаи Бобои Валии ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод вуҷуд доштаанд ва нисбати раиси ҷамоату дигар гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239, қисми 2 (ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Қобили зикр аст, ки хабарнигори «Фараж» ва ҳамзамон Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Саиди Ҳайдар 6-уми майи соли 2015 мақолаеро бо номи «Файзобод: Тиҷорат дар қабристон» ба нашр расонид, ки дар он аз камбудиҳои ноҳияи мазкур ва ғайриқонунӣ буридани дарахтҳо сухан мерафт.
Ба навиштаи хабарнигор, мувофиқи иттилои нафарони зангзада аз ноҳияи Файзобод, раиси маҳаллаи деҳаи Бобои Валӣ Наҷмиддин Расулов бо баҳонаи сохтани толори варзишӣ ва чойхона, ки заминаш ба худаш тааллуқ дорад, дарахтонеро, ки умри 300 ва 500-сола доштаанд, буридааст. Баъдан бо трактор ба дохили қабристон даромада, тавассути он дарахтони ғафсу бузургро кашида берун бароварда, майда мекардаанду ба мошинҳо бор карда, пинҳонӣ барои фурӯш ба ноҳияи Ваҳдат мебурдаанд.

http://faraj.tj/news/9442-badi-chopi-ma1179ola-dar-farazh-parvandai-1207inoyat1251-o1171oz-gardidaast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *