БА ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК ИНЪИКОСИ МАВЗӮҲОИ НИЗОЪРО МЕОМӮЗАНД

Меъёрҳои байналмиллаӣ дар инъикоси мавзуҳои низоъ ҳангоми иҷрои рисолати хабарнигорӣ хеле муҳим аст.

Таҳти чунин ном имрӯз 28-уми феврал дар шаҳри Душанбе семинари назариявию амалӣ барои хабарнигорони фаъолӣ расонаҳои мустақил ва давлатӣ шуруъ шуд.

Дар он беш аз 10 нафар хабарнигорони касбӣ аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок дошта,  нозукиҳои касби хабарнигориро ҳангоми инъикоси мавзуҳои низоъ, риояи меъёрҳо ва одоби касбиро меомӯзанд.

Лола Олимова, яке аз тренорони ин семинар ба ТоjNews гуфт, омӯзонидани меъёрҳои касбии журналистӣ барои хабарнигорони ҷавон ҳангоми иҷрои вазифа аз мавзуҳои душвор ё доғ, касбияти онҳоро фаъол мегардонад.

Бахсус ҳангоми инъикоси ин мавзуҳо онҳо ба душвориҳо ва хатогиҳо роҳ намедиҳанд. Риояи меъёрҳои қонунӣ, байналмилалӣ ва одоби касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар фаъолияти хабарнигорон аст, — мегӯяд хону Лола Олимова.

Дар семинари мазкур сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон доир ба шинохти низоъ, омилҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ғайра омӯзиш медиҳанд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Дафтари бахши шаҳри Душанбегии Инситути бритониёвии “Ҷанг ва сулҳ” доир шуда, дар назар аст то 2-юми марти соли ҷорӣ идома кунад.

http://tojnews.tj/omuzishi-inikosi-nizoho-ba-jurnaliston

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *