[b]Нусха: Ба сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов М.Б.[/b]
Садамаи фоҷиабори нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рўзноманигори шинохта, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон Искандари Фирўз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси изҳори ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ гардидааст.
Бино ба хабарҳои иттилоотӣ, ҳодисаи мазкур шоми 9-уми октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт рўх додааст. Тафсилоти воқеа ин аст, ки Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камри» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷониби Қарияи боло ҳаракат мекарданд ва дар наздикии БоҒи ҳайвонот бо автомошинаи тамҒаи «Ландкрузер», ки аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар як соат ҳаракат мекард, бархўрд ба амал омад.
Шоҳиди ҳодиса Шуҳратёр, додарзодаи Искандар, мегўяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкрузер» фирор кардааст ва то ҳол аз ў хабаре нест. Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирўз, яъне бевосита пас аз садама, эътироф карданд, ки ҳодиса бо айби ронандаи «Ландкрузер» рух додааст, аммо субҳи имрўз онҳо назари худро тағйир дода, мавриди тартиби протоколи рафти ҳодиса, Искандари Фирўзро гунаҳгор медонанд.
Чунин рафти таҳқиқ воқиан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифияти таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.
Бинобар ин, созмонҳои журналистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ў ҳамаҷониба мусоидат намоед.
[b]Сатторов Акбаралӣ, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
Исмоилов Зинатулло, Раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон;
Қаршибоев Нуриддин, Раиси Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ниёзов Хуршед, Раиси ТҶ «Медиа-алянси Тоҷикистон»[/b]
Источник: