Сомонаи расмии Парлумони Тоҷикистон — parlament.tj, ки бо шаклу намо ва тарзу усули муосир ба фаъолият оғоз кард.
Сомонаи ҷадид бо мақсади пешниҳоди маълумоти шаффофу дақиқу муътамад ва бо ҷалби мутахассис аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Дар сомонаи ҷадид, муҳимтарин навгонии сомонаи таҷдидшуда, дар он аст, ки шаҳрвандон метавонанд саволу дархост ва арзу шикояти худро аз тариқи утоқи “Қабули маҷозӣ” ба вакилони худ пешниҳод намоянд.
Инчунин дар сохтори сомона харитаи электронии поӣтахт, ки барои саӣёҳон як василаи муосиру қулаю маълумотдиҳӣ мебошад, ҷоӣгир шудааст.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар сомонаи ҷадид галереяи видеоӣ ва аксҳо таъсис шудааст, ки он имкон медиҳад наворҳо аз раванди иҷлосияҳои парлумон ва роликҳои таблиғотӣ оид ба мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистонро манзури хонандагон намояд.
Ҳамчунин дар Парлумони кишвар қайд намуданд, ки сомонаи таҷдидшуда имконият медиҳад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи телефонҳои мобилӣ, планшет ва дигар воситаҳои техникӣ аз сомонаи мазкур истифода баранд.