[b]Хабарнигори минтақавии Оҷонсии иттилоотии TojNews Ҷамшед Маъруф, ки мебоист дар нишасти матбуотии тақвимии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок мекард, бо баҳонаи дар тан надоштани шиму костюм ва галстук аз маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд берун карда шуд.[/b]
Тавре худи Ҷамшеди Маъруф иттилоъ медиҳад: «Вақте вориди толор гаштем, чун мисли дигар журналистон аз масъулин варақаи иттилотиро ба даст гирифтем ва дар яке аз ҷойҳо нишастем. Баъдан, як нафар масъул (намояндаи ҳукумат) танҳо ба хотири дар тан шиму костюм ва галстук надоштанам, ба наздам омад ва аз ман хоҳиш намуд, ки бояд бо либоси расмӣ, яъне шиму костюм бо галстукаш омада бошам, чун нишаст нишасти раиси вилоят аст. Вале дар танам либосе буд, ҷинс, свитери пешаш секунҷа. Ҳарчанд фаҳмонидам, ки як ба ҳаво бингареду хаққи чунин талабро надоред, аммо масъулин гуфтанд, ки танхо бояд бо либоси расмӣ омада бошам. Чун пештар дар ин мақомот кор мекардам, нахостам, ки зиёд баҳс шаваду берун шудам».
Аҷиб ин аст, ки ба гуфтаи хабарнигорони дигар дар ин нишаст буданд журналистоне, ки бе галстук, дар тан свитер ва аз болояш костюм доштанд.
Вале новобаста аз ин, дар Оҷонсии иттилоотии TojNews бар онанд, ки ин амали масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бефарҳангии маҳз ва ҳатто беодобист. Ҳич як мансабдор ҳаққи таъин намуди либос барои журналистонро надорад.
Аз ин рӯ, раиси вилояти Суғд ҷаноби Қоҳир Расулзодаро зарур аст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин масъаларо баррасӣ намуда, масъулини камфарҳанг ва моил ба рафторҳои фашистонаашонро водор ба арзи маъзарати расмӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷамшеди Маъруф аз фаъолтарин хабарнигорони минтақавии ОИ TojNews буда, аксарияти хабару гузоришхояш аз вилояти Суғд оҳанги мусбат доранду асосан ба инъикоси фаъолиятҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида шудаанд.
Фаромарзи ФОЗИЛ
Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13535&Itemid=28