Мурофиаи кушодаи нахустини додгоҳии генерал-майор Абдулло Ҳабибов ва се нафари дигар имрӯз 28 декабр бе иштироки журналистон баргузор гардид.
Додгоҳи шаҳри Душанбе нахустин мурофиа дар робита ба парванда алайҳи Абдулло Ҳабибов ва се нафари дигарро имрӯз 28-уми декабр барои баррасӣ шурӯъ кард. Дар барасии парвандаи он се нафар гумонбар дар қатори Абдулло Ҳабибов розигӣ надоданд, тожурналистон ширкат кунанд. Бинобар сабаби он, ки гуё ширкати журналистон дар мурофиа ба ба ҷараёни мурофиа халал ворид менамудааст, судя дархости гумонбаронро кабул намуда, рӯзноманигоронро ба мурофиа роҳ надод.
Абдулло Ҳабибов ва се тан аз сокинони дигари шаҳри Душанбе гумонбар дар ғасби ғайриқонунии замин барои сохтмони масҷид нисбаташон макомотии Тоҷикистон бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ бо ҷурми «худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он” парванда кушода аст. Генерал-майор Абдулло Ҳабибов рӯзи 22-юми декабр қарор буд мурофиа фдоир шавад, вале бинобар ваколат надоштани адвокати Абдулло Ҳабибов, он ба таъхир гузошта шуд, гуфт ба хабарнигорон ки бунёди масҷид дар доираи қонун сурат гирифтааст, ва ба ҳеч қонуншиканӣ вуҷуд надорад. Ёдовар мешавем, ки Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1-уми майи моли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Дониш давлатии милли Точикистон, Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав мебошад. Абдулло Ҳабибов номзади илми таърих буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон, кор кардааст.
http://faraj.tj/news/11894-ba-murofiai-sudii-abdullo-1202abibov-zhurnalistonro-ro1203-nadodand.html