Ба Анҷумуни миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Оҷонсии иттилооти “TojNews” ва нашрияи “Нигоҳ” бо ирсоли ин нома, ба маълумоти шумо мерасонанд, ки соати 9.18 дақиқаи рўзи 16-уми январи соли 2013 аз ҷониби 4 нафар кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташшакил (УБОП)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нафаре, ки худро сардори ин ниҳод ном бурд, кўшиши боздошт ва интиқоли журналист Амруллоҳи Низом (Низомов Амрулло Наҷмудинович) аз ҳудуди идора сурат гирифт. Кормандони милиса дар шоҳидии ҳамкорони Амруллоҳи Низом аз вай ба шиддат талаб карданд, ки бо онҳо ба идораи УБОП равад.

Бинобар пешниҳод нашудани даъватнома аз ҷониби кормандони милиса журналист ва роҳбарияти нашрия розӣ  нашуданд, ки ў ҳудуди идораро тарк намояд. Бинобар гуфтаи роҳбари милисаҳо, ягон аризаи шикоятӣ аз ҷонибе касе ба шўъбаву раёсатҳои ВКД ворид нашудааст, балки муроҷиати шифоҳии кормандони Кумитаи дин гуё зарурати бозпурсии Амруллоҳи Низомро ба вуҷуд овардааст. (Дар ин маврид сабти аудиои сўҳбат бо роҳбари омадаҳо мавҷуд аст).

Ин “ташриф”-и кормандони УБОП-ро мо фармоиш аз ҷониби Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин назди Ҳукумати Тоҷикистон дониста, асоси онро хусумати шахсии ў ба журналист Амруллоҳи Низом медонем.

Зеро журналист борҳо аз фаъолиятҳои ин мансабдор ва корҳои ба ном илмии ў, тариқи расонаҳои хабарӣ шадидан интиқод кардааст. Барои мо нофаҳмост, ки чаро маҳз УБОП?! Оё фаъолияти журналистӣ ҷинояткории муташаккил шудааст? Маълум, ки на, пас, сухан аз шиносбозии кормандони УБОП ва Холиқов меравад, ки ба ин шева мекушанд ба фаъолиятҳои касбии қонунан ҳифзшавандаи журналист монеа эҷод намуда, садди роҳи матлабҳои навбатии ў дар бораи фаъолиятҳои Кумитаи дин гарданд.

Ба андешаи мо, ин қазия ва дар умум фаъолшавии тобеони Холиқов ҳамчунин ба чопи мақолаи “Ҷарима барои намоз” (Нигоҳ, №43 аз 16-уми январи соли 2013) рабт дорад, ки аз аввалин таҷрибаи ҷарима кардан барои намоз гузоштан ҳикоя карда, на ба Амруллоҳи Низом, балки ба ҳамкорони ў тааллуқ дорад.

Тавре аз баёноти журналист бармеояд, ў пас аз ин кўшиши кормандони УБОП эҳсоси хатар мекунад.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромана хоҳиш мекунем, ки ҷаласаи муштараки созмонҳои журналистӣ ва ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқро баргузор намуда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои касбии ҳамкасби мо чораҳои фаврӣ андешед.

Сармуҳаррири “Тоҷнюс” Ф. Раҳнавард.

Сармуҳаррири “Нигоҳ” С. Дўстов.

Ба Анҷумуни миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ): Один комментарий

  1. Бо ин шева кор бурдан бо журналистон норавост. Албатта, мо-созмонхои рузноманигори ва химояи хукук тасмими худро дар ин бобат бигирем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *