[b]Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Алиҷон Муҳаммад бо қарори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора ба TojNews ҳимоятчии гумонбаршуда Нурулло Каримов иттилоъ дод.[/b]
Ба гуфтаи мавсуф, муовини раиси суди мазкур Зебунисо Абдуллоева ин қарорро дар заминаи дархости Раёсати тафтишотӣ (РТ)-и Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон бо розигии Прокуратураи генералии Тоҷикистон қабул кардааст, ки «беасос ва ғайриқонунӣ мебошад».
Бинобар иттилои ӯ, «ҳанӯз 2-юми марти соли ҷорӣ бо қарори муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев нисбати Алиҷон Муҳаммад бо моддаи 247 («қаллобӣ») қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буду тафтиши он ба ӯҳдаи РТ ВКД вогузошта шуд. Баъди ба итмом расидани мӯҳлати тафтишот ва бинобар заифии мавод 3-юми май РТ ВКД бо моддаи 237 («авбошӣ») қисми 2, банди «б» нисбати ӯ парванда оғоз намуд, ки аз нигоҳи мо истифода аз моддаи ба ном «навбатдор» («держурная статья») ва кӯшиши асосноккунии чораи ҳабс аст.
Баҳси Алиҷон Муҳаммад бо ҳама пурпечиҳояш ҳамагӣ шуда, як баҳси шаҳрвандӣ, яъне хариду фурӯши хона аст ва бинобар он ки айбдоршаванда ҷойи зисти муайян дошта, падари панҷ фарзанд асту ягон даъвати муфаттишро бе эътибор намондааст, бар замми ин, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мебошад, ҳич зарурати ба ҳабс гирифтани ӯ набуд.
Далели мақомот, ки «дар ҳолати дар озодӣ мондан ӯ метавонад ба тафтишот таъсир расонида, барои пурра, ҳаматарафа ва холисона тафтиш намудани парвандаи ҷиноятӣ мамониат кунад» ягон асос надорад. Зеро мӯҳлати думоҳаи тафтишоти парванда гузашт… Дар мӯҳлати муайяннамудаи қонун мо аз болои ин қарори беадолатона ва ғайриқонунӣ ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ мебарем».
Дар ҳоле, ки қонунгузорӣ мӯҳлати шикоят ва эътироз аз болои чунин қарорҳои судиро се рӯз муайян намудааст, нимаи дуюми рӯзи ҷумъа интихоб шудани рӯзи ҳабс бесабаб нест, аммо ба гуфтаи адвокат Нурулло Каримов, «ин қазия паҳлӯҳои боз ҳам аҷибтар дорад, ки маҳз ба фаъолияти журналистии Алиҷон Муҳаммад рабт дорад. Агар як мақолаи ӯ дар нашрияи «Нигоҳ» бо номи «Пора дода ва ситонда мешавад. Ҳама медонанд ва хомӯшанд!!! Ё чӣ бояд кард, то «облава» ва коррупсия дар Комиссариатҳои ҳарбӣ набошанд?» ғайримустақим ба таъқиби ҷиноии ӯ сабаб гашта бошад, мақолаи дуюмаш дар нашрияи «Минбари халқ» боиси ташвишҳои мансабдорони алоҳида гаштааст. Мо умед дорем, ки бо тамом шудани тафтишот парда аз рӯи «қаҳрамон»-ҳои асосӣ ва манфиатбардорони ин қазия бардошта хоҳад шуд».
Мавриди зикр аст, ки бегоҳи рӯзи ба ҳабс гирифтани Алиҷон Муҳаммад як номаи саркушодаи ӯ бо се сабти аудиои дигари ба ҳамин қазия рабтдошта ба ихтиёри воситаҳои ахбори оммаи кишвар вогузошта шудааст, ки дар он мӯҳтавои ин қазия баён гаштааст.
Дар ҳоли ҳозир, сабтҳои мавриди зикрро TojNews низ мавриди омӯзиш қарор додааст ва бо ба итмом расидани таҳқиқ онҳо дастраси умум хоҳанд гашт.
Дар идораи нашрияи «Нигоҳ» ба TojNews тасдиқ карданд, ки аз ин қазия огаҳанд ва «он матлаб, ки 4-уми августи соли 2010 (№ 20 (191)) ба нашр расида буд, воқеъан ҳам боиси ташвиши мансабдорони алоҳида шуд, вале баъди чанд кӯшиши номуваффақи маълум намудани шахсияти муаллиф аз идораи «Нигоҳ» омаду рафти масъулин бас шуда буд. Он мақола дар асоси ахбор ва ҳуҷҷатҳои дастраскардаи як манбаъи иттилоотии Алиҷон Муҳаммад омода шуда буд, ки маъшуқа ё ҳамзисти як тан аз масъулини воломақоми Комиссияи тиббии назоратии Комиссариати ҳарбии муттаҳидаи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ будааст. Зан он замон аз маъшуқ ё шавҳараш ранҷида, кӯшиш кардааст, ки маълумот дар бораи амалҳои характери ҷиноятҳои коррупсионӣ доштаи шаҳрванд А.Б.-ро ба шиноси наваш Алиҷон Муҳаммад ифшо кунад.
То ҷое мо огоҳем, баъди ба ҳам омадани он ду тан, аввалӣ, ки хонаашро ба Алиҷон Муҳаммад дар асоси қонунгузории кишвар аллакай фурӯхта будааст, дубора он манзилро ишғол мекунад ва шартномаи хариду фурӯши дар Идораи нотариалии ноҳияи Сино ба қайд гирифтаашро эътироф намекунад. Ин амал боиси баҳси ҷонибҳо ва муроҷиати Алиҷон Муҳаммад ба мақомот гаштааст, вале бо сабабҳои барои мо алҳол номаълум ин баҳси амалан гражданӣ боиси ба ҳабс гирифтани ахирӣ гашт.
Дар ҳоли ҳозир мо ба таҳқиқу омӯзиши амиқи ин қазия машғул ҳастем ва ба он назарем, ки ягон асоси қонунӣ ва зарурати ба ҳабс гирифтани Алиҷони Муҳаммад вуҷуд надорад. Ӯ дар доираҳои журналистӣ, коршиносӣ ва ҳатто сиёсӣ нафари маъруф аст ва ҳич хатаре ба ҷомеъа надорад. Умедворем, ки суди марҳилаи баъдӣ ин қарори ғайриқонунии судиро бекор мекунад ва ин қазия ҳамчун баҳси шаҳрвандӣ ҳалли мантиқии худро меёбад».
Мавриди зикр аст, ки Алиҷон Муҳаммад 45 сол дошта, соҳиби панҷ фарзанд аст. Ӯ аз солҳои 2000-ум узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, мақолаҳояшро дар нашрияҳои гуногуни ватанӣ ба табъ мерасонад. Инчунин, ӯ аз солҳои 2000-ум узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, чанд сол қабл сарварии Созмони байналмилалии «Вароруд»-ро низ ба ӯҳда дошт ва дар ҳимоя аз ҳуқуқҳои тоҷикони Узбакистон фаъол буд.
Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14345&Itemid=28