БАҲСИ «ИМРӮЗ-NEWS» БО ҲУКУМОВ БА СУДИ ОЛӢ РАСИД

Баҳси судии «Имрӯз-News» бо Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки барои паст задани шаънаш аз рӯзнома 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорад, ба Суди Олӣ рафт.

Рӯзномаи «Имрӯз-News» аз болои қарори Суди шаҳри Душанбе дар бораи бетағйир мондани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Суди Олӣ шикоят бурдааст.

Дар ин бора ба TojNews Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-News», иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин даъвои худ «Имрӯз-News» аз Суди Олии Тоҷикистон хостааст, ё ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомониро бекор кунанд, ё барои аз нав дидани парванда иҷозат диҳанд.

3-юми ноябр Суди шаҳри Душанбе даъвои назоратии рӯзномаи «Имрӯз-News» ва сармуҳаррири он Назири Нусратро оид ба бекор кардани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарори кассатсионии Суди шаҳри Душанберо рад кард буд.

Суд нашрияро ба пардохти 50 000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ба Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукуматулло, раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон», муваззаф карда буд.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-News», мегӯяд, «дирӯз ба шикояти онҳо, ки ҳанӯз моҳи июл фиристода буданд, ҷавоби рад гирифтаанд».

— Таъиноти Раёсати Суди шаҳри Душанбе таърихи 19-уми август бо имзои судяи Суди шаҳри Душанбе Қосимов бароварда шудааст. — Суди шаҳри Душанбе, шикояти рӯзномаро аз болои ҳамин ҳукм низ рад карда буд. Мо тасмим дорем, ки ба зинаҳои болотари судӣ шикоят барем, — мегӯяд журналист.

Рустам Ҳукумов аз болои рӯзномаи «Имрӯз-News» ва сармуҳаррири ин рӯзнома Назири Нусрат дар робита ба матлабе дар бораи бо маводи мухаддир боздошт шудани писари мансабдори давлатӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар рўзномаи мазкур чоп шуда буд, ба Суд шикоят кард ва Суд талаби ӯро дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қонеъ карда буд.

http://tojnews.tj/Imruz-news-ba-sudi-oli-shikoyat-burd

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *