Баҳс: Аскар Ҳаким 10 ҳазор мегираду «Имрӯз-News» 59 ҳазору 1 сомонӣ медиҳад

Дирӯз, 25-уми апрел дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ бо унвони  «Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО, таъқиботи беасоси судӣ ва маблағҳои ҳангуфти қазияҳои зидди ВАО», баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкурро Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) дар ҳамбастагӣ бо сафорати Амрико дар Тоҷикистон ташкил кардаанд. Дар кори  конфронс наздики 50 нафар хабарнигор, аз ВАО-и умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро гардонандаи конфронс, рӯзноманигор Муҳайё Нозимова  оғоз намуд.  Хуршеди Атовулло, роҳбари МТЖТ, ки сухангӯйи аввалин дар конфронс маҳсуб мешуд, мақсади баргузории ин конфронсро  ба он нисбат дод: «вақтҳои охир журналистон бисёр ба суд кашида мешаванд. Барои фаҳмидани асли қазия мо имрӯз мизи гирд ташкил кардем, то аз забони худи журналистон фаҳмем, ки сабаби зиёд ба суд кашидани онҳо  чист? Оё айб дар худи онҳо аст ва ё айби мақомот? Агар солҳои пеш дар як сол як ё ду журналист ба суд кашида мешуд, ҳоло судбозии рӯзнома ва журналистон анъана шудааст».

Сӯҳроб Пӯлотов, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ дар маърӯзааш, мавзӯи «Баҳсҳои судӣ: Омилҳои таҳриккунанда ва мушкили ҳимояи ҳуқуқӣ»  қайд кард, ки  дар аксар мавридҳо худи журналистон бо истифода аз калимаву  ҷумлабозии беҳуда  боиси ба суд кашидани  онҳо мешавад. Дар робита ба ин  Назири Нусрат,  сардабири рӯзномаи «Имрӯз-News» дар баромадаш қайд кард, ки дар мақолаҳояш калимаҳои «ҷинояткори ашадӣ», «бузакбозӣ» ва «мурдафурӯшӣ»-ро, ки боиси ба суд кашиданаш шудааст, истифода накардааст.

Қамари Аҳрор — рӯзноманигори мустақил аз вилояти Суғд, ки миёни рӯзнгоманигорн чун «боксёр», мешиносандаш бо чунин номи рамзӣ- «Қазияи бокс» баромад кард. Ёдовар мешавем, ки Қамари Аҳрорро ҳини иҷрои вазифаи касбӣ, -наворбардорӣ аз рафти муҳорибаи бокс, мақомот дастгир намуда, вақти  баҳсҳои додгоҳӣ ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима карданд.

— Дар мусобиқаи бокс, ки  дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, наворбардорӣ мекардам. Сардори раёсати вазорати корҳои дохилии вилоят як кормандашро  равон карда, ба ман гуфт, ки сабт накунам. Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки журналист ҳастам ва рисолати касбиамро иҷро мекунам, аммо ӯ  маро «дафъ шав» гуфт. Ман пофишорӣ кардам ва онҳо маро ба ШКД бурданду баёнот гирифтанд, ки гӯё ба рафти мусобиқа халал расонида, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда бошам. Дар натиҷа маро 120 сомонӣ ҷарима карданд,- афзуд ӯ.

Қазияҳои судии рӯзномаи «Имрӯз-News», ки дар тӯли қариб панҷ соли фаъолият ба 9 адад мерасад ,ҷомеаи журналистиро ба ташвиш овардааст. Сардабири нашрия, Назири Нусрат қайд кард, ки  қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов аз пурсарусадотарин ва вазнинтарин қазияи судиашон буд. Ӯ гуфт, ки дар 9 қазияи суди доштаашон 59 ҳазору як сомонӣ зараари моддӣ дидаанд, ки ин ба фаъолияти нашрияаашон зарар овардааст .

Собиқ хабарнигори ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Пайк» ва ҳоло хабарнигори «0зодӣ» дар минтақаи Кӯлоб Маҳмудҷон Раҳматзода дар мавзӯи «Таҳдид чун омили фишори равонӣ дар минтақаи Кӯлоб» баромад карда, қайд кард, ки шурӯъ аз навиштани мақолааш бо номи «Хатнаи ҷавонон дар Кӯлоб» фишорҳои ҷисмонӣ ва равонӣ болои ӯ оғоз шудаанд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Дар мақолае, ки ман навиштам ва таҳқиқ кардам, фақат номи Ғайбулло Афзалов, раиси вақти вилояти Хатлон буд, ки бояд 600 нафар кӯдаконро хатна ва 13 нафари дигарро оиладор мекарданд. Аммо дар он ҷо ҷавононе низ буданд, ки 5-6 моҳ пеш хонадор шуда буданд. Хуллас, фишорҳо болои ман зиёд буданд».

Илҳоми Ҷамолиён,   раиси ИЖТ дар вилояти Суғд гуфт, ки таҳдид ба журналистон дар минтақаи Суғд  дигар хел сурат мегирад. Ӯ қайд кард, ки: «Дар минтақаи Суғд асосан тариқи телефон таҳдид мекунанд, ки шахсияташон маълум нест ва намедонӣ, кӣ ба ту таҳдид карда истодааст, қазияҳои додгоҳӣ низ кам андар кам сурат мегиранд».

Ҳамчунин  Абдуазим Абдуваҳҳоб дар мавзӯи «Қазияҳои судии «Нигоҳ»-у «Тоҷнюс»», ҳуқуқшинос Гулчеҳра Холматова — «Журналистон ва Кюнет», Раҷаби Мирзо — «Нақши Шӯрои ВАО дар ҳалли мусолиҳатомези қазияҳои ҷанҷолӣ», Иноятулло Иноятов — «Дастовард ва камбудиҳои қонуни нави матбуот ва дигар навъи ВАО», Ҷасур Абдуллоев — «Аскар Ҳаким алайҳи Самак», Ҷамила Ҳусейнова дар мавзӯи «Баҳси нақлиётии Вечерный Душанбе», маъруза карданд.

http://www.pressa.tj/article/%D0%B1%D0%B0%D2%B3%D1%81-%D0%B0%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%80-%D2%B3%D0%B0%D0%BA%D0%B8%D0%BC-10-%D2%B3%D0%B0%D0%B7%D0%BE%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D0%B3%D0%B8%D1%80%D0%B0%D0%B4%D1%83-%C2%AB%D0%B8%D0%BC%D1%80%D3%AF%D0%B7-news%C2%BB-59-%D2%B3%D0%B0%D0%B7%D0%BE%D1%80%D1%83-1-%D1%81%D0%BE%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D3%A3-%D0%BC%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D2%B3%D0%B0%D0%B4

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *