Б.Абдураззоқов: «МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ»

[b]Мухтасари мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Барзу Абдураззоқов-коргардони шинохтаи тоҷик.[/b]

[b]»МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ»[/b]

[b]Суол:[/b] Шумо ба хориҷи кишвар зиёд сафар мекунед. Барои муқоиса кардан ҳам таҷрибаи зиёд доред. Албатта ҳоло моҳвора корро осон кардааст. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон танҳо чеҳраи як нафарро нишон медиҳанд ва ҳама корро ба он як нафар мансуб медиҳанд. Фикр намекунед чунин роҳи таблиғот дилбазан мешавад барои тамошобин. Оё Шумо шабакаҳои Тоҷикистонро тамошо мекунед?

[b]Ҷавоб:[/b] Ман, Шумо ва ягон нафар тоҷики дигар, вақте ҳарфи диламонро, сухани ростро, ки ҳар рӯз мебинем бигӯем аз мо душман месозанд. Барои чӣ? Онҳо фикр мекунанд, ки агар фикри мо ба ТВТ ё ба рӯзномаҳои “Садои Мардум” ва “Ҷумҳурият” дуруст наомад, мо душмани миллатем. Ё дигар “вовчик” мешавем ва ё ҷосуси кадом мамлакате.( инҷо механдад). Онҳо фикр намекунанд, ки мо фарзанди ҳамин сарзамин ҳастем ва дар вақти лозима аз онҳо дида зиёдтар аз ин Ватан дифоъ метавонем кардан ва шукри Парвардигор кардем то ин дам. Дар шиносномаи ман ҳар ҷое, ки рафтаму ҷоизаҳо ҳам гирифтам, тоҷик навишта шудааст. Дар ҳама афишаҳои намоишҳои ман дар ҳар ҷое, ки будам менависанд: Барзу Абдураззоқов-Тоҷикистон. Ростӣ ман аз ин чизро фаҳмонидан хаста ҳам шудам. Агар ман сарҳади Тоҷикистонро убур кунам яҳуд, уйғур, ӯзбак ва ё олмонӣ мешавам магар? Баргардем сари мавзӯъ. Ман дигар ТВТ-ро нигоҳ намекунам. Чун ҳар вақте, ки ин шабакаро рӯшан мекардам, фикр мекардам, ки ман аблаҳам. Аз он тарафи экран касе мегуфт, ки бародар ту аблаҳӣ, ту беақлӣ ва ҳар чизе, ки ман мегӯям ин аст ақл. Ва ман дигар тарсидам. Он чизе, ки ба ман мегуфт маро ба даҳшат меовард. Ҳам намоиш, ҳам ахбор ва ҳам он очеркҳову филмҳое, ки нишон медиҳанд бо як мақсад аст :- ту тамошобин беақлӣ, бетафаккурӣ, бефарҳангӣ ва ин мо ҳастем, ки ба ту фарҳангро меомӯзонем. Гузаронданд. Агар ТВ-ҳои мо аз тариқи моҳвора мунташир намешуд, ин қадар азоб намекашидам, чун онро имрӯз оламиён мебинанд. Обрӯву эътибори миллатро резонида истодаанд. Ман шарм мекунам, аммо чӣ кор кунам, замин сахту осмон баланд.

[b]»ЧУН ЭҶОДКОР НИСБАТАН ОЗОДАМ, АММО…»[/b]

[b]Суол:[/b] Имрӯзҳо дар бораи Истиқлол зиёд мегӯянд ва ба наздикӣ ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Шумо дар замони Истиқлолият то чӣ ҳад худро мустақил эҳсос мекунед?

[b]Ҷавоб:[/b] Барои эҷодкор мустақилият хеле муҳим аст. Новобаста ба равишҳои сиёсиву дигар чизҳо. Ҳамчу эҷодкор нисбатан озодам, аммо ҳамчун як шаҳрванди ин ҷумҳурӣ умуман озодиро эҳсос намекунам. Ҳар бегоҳ вақте бо духтарам Ҳанно ва занам Шоира берун мебароям, мебинам, ки озод нестам. Телевизион мебинам, озод нестам, рӯзнома мехонам озод нестам. Театр мераваму мавзӯъ мегирам ва ин мавзӯъ даҳҳо маротиба аз филтратсия мегузарад, озод нестам. Сензура ҳатто аз даврони шӯравии соли 37 бадтар шудааст. Вақте мо эҷодкорро то ба ин ҳад сахт меқапему меҷафем куҷо мемонад дигар озодӣ? Ҳар чизи классикӣ ҳама вақт сиёсӣ аст. Ҳатто “Мадам Баварӣ”, ҳатто “Золушка”-и Андерсон ва ё “Ҳамлет”-у“Тӯфон”-и Шекспир ҳамаи инҳоро ҳеҷ наметавон аз сиёсат орӣ донист. Классика бе сиёсат буда наметавонад.“Гулистон”-и Саъдӣ чӣ? Чунки дард дошт он мард. “Бӯстон” ҳам. Шоҳ аз раъияти худ як себ гирифт ва аҳли дарбор дарахтро мебурад ва агар як тухм гирифт одамонаш даҳ ҳазор мурғро қурбонӣ мекунанд. Инро Саъдӣ гуфтааст. Аммо ин чиз рӯи саҳна намеояд. Бубинед ҳамин ҳозир бо мошин омадем. Корманди БДА намегузорад бо роҳ гузарӣ ва ба паскӯчаҳо пиёда роҳ рафтем, ним соат зиёдтар дер кардем то ба корхонаи Шумо омадан. Аммо сабабашро нагуфт, ки роҳро барои чӣ бастаанд. Куҷо аст озодӣ? Милиса бояд мефаҳмонид, ки бародар, хоҳиш мекунам, мошинатро онҷо мон, барои он, ки фалону фалон кор ҳаст.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24292256.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *