Бар пояи як пажӯҳиш, бӯҳрони молӣ ба бозори матбуот дар Тоҷикистон зарба зада ва нашрияҳо нисфи хонандагони худро аз даст додаанд.
Бӯҳрони молӣ ба бозори матбуот дар Тоҷикистон зарба зада, нашрияҳо 50 дарсади хонандаи фаъоли худро аз даст додаанд. Фоида аз реклама — як қисми аслии дигари даромади нашрияҳо низ ду маротиба камтар шудааст. Ин хулосаи пажӯҳиши имсолаи Созмони ҷамъиятии «Медиа консалтинг» аст, ки дар пайи пурсиш миёни раҳбарони 20 нашрияи мустақил ва рӯзномафурӯшон дар Тоҷикистон анҷом ёфтааст.
Набиҷон Юсуфов, роҳбари ин созмон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки «ҳолати бозори маводи чопӣ сол то сол бадтар мешавад. Ин ҷо чанд сабаб ҳаст. Рафтори худи муассисон касбӣ нест. Онҳо бозоршинос нестанд ва аз сӯи дигар дастрасии бештари мардум ба Интернет талабот ба нашрияҳоро хеле кам кард.»
«Сабаби асосии тарки кор кардан ҳам ин буд, ки 4-5 моҳ аз корхона моаш нагирифтам. Мушкили маоши мо ҳам дар як замон бо бӯҳрон пеш омад. Бисёр дӯстони рӯзноманигорам ҳам аз дигар расонаҳо айнан ҳамин мушкилро доранд,» — гуфт ӯ дар сӯҳбат бо мо.
Ҳафтаномаҳои калидие мисли «Азия-Плюс», «Нигоҳ», «Имрӯз Нюс» ва “Озодагон”, ки адади нашрашон аз 5 то 15 ҳазор буд, ҳоло то 2 баробар камтар нашр мешаванд. Чопхонаҳо ҳам акнун дигар серкору серташвиш нестанд ва харҷи масолеҳи чопии онҳо ҳам ба фарқ аз як соли пеш ба таври чашмрас кам шудааст. Абӯбакр Ниёзов, корманди чопхонаи «Мега-принт» мегӯяд, ки «қаблан чопхона дар як сол 12 вагон коғаз ворид мекард, яъне ҳар моҳ 1 вагон. Аммо ҳоло солона фақат 4 вагон коғаз меорему бас.»
Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, «мазмуну мӯҳтавои рӯзномаҳо тағйир ёфтааст. Фикр мекунам, ҳоло маводи хонданибоби сиёсӣ ва касбӣ дар расонаҳо кам шудааст. Бӯҳронҳои молиро мо қаблан ҳам гузаронда будем, аммо ба ин ҳад таъсир надошт.»
Хонандаҳо ҳам мегӯянд, дигар мисли қаблӣ ҳар ҳафта бесаброна интизори чопи шумораи нави нашрияҳо намешаванд. Як хонанда мегӯяд, ки «новобаста ба ҳама ҳолат ҳар ҳафта ҳатман чанд нашрия харида мехондам, чун воқеаҳои муҳимро ба ҳар ҳол инъикос мекарданд, аммо ҳоло дар ҳафтаномаҳо чандон мавзӯъҳои муҳим пайдо намешавад. Бисёр мавзӯъҳои нодаркору сафсата чоп мешаванд.»
Ҳадс зада мешавад, ки дар сурати идома ёфтани вазъи феълии нашрияҳо, ояндаи наздик чандин ҳафтанома аз чоп хоҳанд монд. Вале муассисони расонаҳо мегӯяд, ҳанӯз шуълаи умед дар дилашон намурдааст ва онҳо бештар ба ёрии ҳукумат чашм дӯхтаанд. Ҳарчанд ҳукумат дар бӯҳронҳои гузашта низ амалан аз матбуоти мустақил пуштибонӣ накарда буд.
Дар шароити бӯҳрон ва рақобати шадид бо Интернет, таҳлилгарон беҳтар кардани сифати ҳафтанома ва ҷолибу ҷиддитар кардани мӯҳтавои онро ҳам як роҳи хуби нигоҳ доштани хонанда ва дароз кардани умри нашрияҳо медонанд.
Маҳдуд шудани доманаи озодии баён ва афзоиши худсонсурӣ дар матбуоти Тоҷикистон тақрибан як сол ба ин сӯ мушоҳида мешуд, вале баъди амалиёти моҳи сентябри зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ва баста шудани ҳизби наҳзати исломӣ, тавре ба назар мерасад, вусъати боз ҳам бештаре пайдо кардааст.
http://www.ozodi.tj/content/ecomomic-crises-effected-tajik-media-market/27402027.html