Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, роҳбарони вазорату кумита ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон рӯзноманигоронро таҳният гуфтанд.
Чунончи, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни табрикоти худ менависад: «Матбуоти тоҷик дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданӣ-варзишӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳайати эҷодии он дар инъикоси дастовардҳои истиқлолият, тараннуми арзишҳои олии давлату миллат, таҳкими суботу оромӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар мавқеи хоса дорад».
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дар табрикоти худ мегӯяд: «Имрӯз воситаҳои ахбори умум дар ташаккули раванди рушду тараққиёти ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши созовор дошта, саҳми он дар инъикоси дастовардҳои давлати тозаистиқлоли мо, гиромидошти фарҳангу анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба марзу буми бобоӣ хеле барҷаста мебошад».
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар паёми табрикияш чунин навиштааст: «Мусаллам аст, ки расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла матбуот, ҳамчун инъикоскунандаи сиёсат барои танзиму таҳкими равандҳои дар ҷомеа ба амал оянда масъулияти бузург бар дӯш гирифта, ба ҳаёти ҷомеа, дар маҷмӯъ ба симои иҷтимоӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва тафаккури ҳар як фарди ҷомеъа таъсири амиқ мегузорад. Матбуотчиён бо теғи буррои саршор аз муҳаббат ба Ватан ва сухани афкори равшанашон дар масири худшиносиву ҳувиятсозӣ, фарҳангсозию шахсиятсозӣ, созандагию бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдату осоиштагии афроди ҷомеа ва дар маҷмӯъ пешрафту шукуфоии Ватан саҳми бориз доштаву доранд».
Дар табрикоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, чунин омадааст: «Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи матбуот ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунундаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик аст, ки ҳанӯз 102 сол муқаддам нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф»-ро рӯи кор оварданд ва дар ҳамон айёми пурошӯб ба худшиносӣ, худогоҳии миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик асоси устувор гузаштанд. Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рӯзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд».
http://faraj.tj/news/4813-azoi-1203ukumat-zhurnalistonro-shodbosh-guftand.html