«Азия-Плюс» рӯи домени нав фаъол шуд

[b]Имрӯз сомонаи Ожонси иттилоотии «Азия плюс», ки тӯли даҳ рӯзи ахир дастрасӣ ба он аз ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд буд, рӯи домени нав дубора фаъол шуд.[/b]

Айни замон, он тавассути тори http://www.asia-plus.tj дастрас мебошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки хабарҳои ин ожонс аз соли 2010 боз рӯи домени news.tj пахш мешуданду худи ожонс иҷозатномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро дорост.
Зебо Тоҷибоева директори иҷроияи Ожонси иттилооти «Азия плюс» ба Тоҷнюс иброз дошт, ки дар домени нав дубора фаъол шудани сомона воқеъият аст, вале мутаасифона он ҳам, на дар ҳама ҷо дастрас мебошад.

Ба иттилои Зебо Тоҷибоева, ҳоло маъмурияти медиа -холдинги “”Азия плюс аснод таҳия намуда, барои ба додгоҳ кашидани роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бек Зуҳуров омодагӣ мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки медиа холдинги “Азия плюс” аз шаш сохтор: ожонси иттилотии “Азия плюс”, родиё ва нашрияи ҳамном, маҷаллаи таблиғии “VIP zone”, студияи телевизионӣ ва мактаби журналистии “Асри 21” иборат буда, то 70 дарсади бозори рекломи расонаҳои чопии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад.

Источник: http://tojnews.org/node/3637

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *