«Азия Плюс» нисбат ба қарори суд шикояти кассатсионӣ навишт

Ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина нисбат ба ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ба коллегияи судии шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурдаанд. Шикояти мазкур аз ҷониби адвокатҳои «Азия Плюс» 18 марти соли равон ба коллегияи судӣ пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 25 феврали соли 2014 Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо судури ҳалнома ҳафтаномаи «Азия Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро муваззаф кард, ки ба 3 нафар зиёиёни даъвогар — Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме ҷуброни зарари маънавӣ пардохта, бо чопи раддия дар давоми ду ҳафтаи оянда аз онҳо узр пурсанд.

Ба иддаои даъвогарон, Олга Тутубалина дар матлабаш бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” (“Азия-Плюс”, №40 аз 30.05.2013) тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш перомуни бозгашти шоири тоҷик Бозор Собир ба ватан суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравиро мисол оварда буд, ки «зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд». Маҳз ҳамин ҷумла мавриди эътирози даъвогарон қарор гирифт.

http://faraj.tj/news/4883-aziya-plyus-nisbat-ba-1179arori-sud-shikoyati-kassatsion1251-navisht.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *