«Азия-Плюс» ба пардохти маблағи зиёиён оғоз кард

Санаи 4-уми июл муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина такроранба Суди олии Тоҷикистон шикояти назоратӣ бурд.

Шикояти аввал ба Суди олӣ рӯзи 23-юми июн пешниҳод гардида, дар ондаъвогарон талаб карданд, ки ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ ва қарори коллегияи судии шаҳри Душанбе бекор ва иҷрои қарори суд то баррасии парвандаи шаҳрвандӣ дар зинаи назоратии Суди олӣ боздошта шавад.

Баъди чанд рӯз намояндагони нашрия ба шуъбаи баррасии шикоятҳои назоратии Суди олӣ муроҷиат намуданд, то ки дар бораи ҷараёни истеҳсолоти судӣ маълумот гиранд, вале ба онҳо гуфтанд, ки 26 июн шикояти назоратии нашрия бидуни баррасӣ боқи гузошта шуд. Дархости намояндагони нашрия оид ба пешниҳоди нусха аз ин шуъба низ рад карда шуд.

Идораи нашрия ва Олга Тутубалина тариқи почта низ таъиноти Суди олӣ оид ба шикояти назоратиашонро дастрас накардаанд. Сарфи назар аз ин, санаи 4-уми июл муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина такроран ба Суди олии Тоҷикистон шикояти назоратӣ бурд.

«Чун алҳол ба мо таъинот дастрас нашудааст, мо нисбати ин масъала ҳеҷ баҳои ҳуқуқие дода наметавонем ва умедворем, ки ин маротиба зинаи назоратии Суди олӣ ин шикоятро ба истеҳсолот қабул карда, беғаразонаву мунсифона баррасӣ мекунад», — иброз дошт адвокат Иноят Иноятов.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Азия-Плюс» аллакай ба пардохти ҳиссаи маблағи зиёни маънавии ба зиёиён расонидааш – 15 ҳазор сомонӣ (маблағи умумӣ – 30 ҳазор сомонӣ ё 7 ҳазор доллари ИМА бо назардошти хароҷоти судӣ) оғоз кард. Ба гуфтаи раҳбарияти нашрия, маблағ дар давоми се моҳ пурра пардохт карда мешавад.

Ҳиссаи худ дар зиёни муқарраршуда – 15 ҳазор сомонии боқимондаро Олга Тутубалина аз ҳисоби музди меҳнаташ пардохт карданист. «Ман алҳол ба пардохти ин маблағ шурӯъ накардаам, зеро масъалаи пардохти маблағи ҳармоҳаро ҳал кардан зарур аст», — гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) аз ҷониби муҳаррир, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» қарор содир намуда, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор кард.

Санаи 18-уми март адвокатҳои газета ва муҳаррири он аз болои қарор шикоят бурда, зикр карданд, ки ҳалномаи мазкур «беасос» ва «ғайриқонунӣ» аст. Онҳо зикр карданд, ки Тутубалина барои суханони Ленин аз нигоҳи ҳуқуқӣ масъул буда наметавонад. ммо коллегияи судии суди шаҳр, ки рӯзиз 30-юми апрел баргузор шуд, шикояти кассатсионии нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро қонеъ накарда, қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи Азия-Плюс»-ро бетағйир боқӣ гузошт.

 

http://news.tj/tj/news/aziya-plyus-ba-pardokhti-mabla-i-zieien-o-oz-kard

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *