Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ВАО-и ҶТ) тибқи банди 1.3.-и Низомномаи Шӯрои ВАО-и ҶТ, дар ҷаласаи навбатӣ аз 04 июли соли 2013 масъаларо «Дар бораи матлаби О.Тутубалина «Неинтелегентно об интеллигенции» («Азия-плюс», 30 майи с.2013)», бар асоси гузориши аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ Раҷаби Мирзо ва Мухтори Боқизода баррасӣ намуда, қарори зайлро барои нашр тавсия мекунад:
1. Азбаски матлаби батабърасонидаи Ольга Тутубалина «Неинтеллигентно об интеллигенции» танҳо назари шахсии муаллиф буда, дар он нишонаҳои таҳқир ба унвони шахси мушаххас вуҷуд надорад ва ба ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мухолифат надорад, ҳангома сохтан аз ин мавзӯъ ба манфиат нест. Ин дар ҳолест, ки тибқи банди 4-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад».
2. Азбаски дар вокунишҳои матбуотӣ вобаста ба матлаби «Неинтеллигентно об интеллигенции», баръакс, ҳолатҳои халалдор шудани аз ҷумла бандҳои 5, 7, 9 –и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба чашм мехурад, лозим аст, ки кормандони идораҳои ВАО ҳангоми омода ва интишор намудани ҷавобия ва матолиби мубоҳисавии ҳаммонанд, масъулияти бештар зоҳир намоянд.
3. Аз ҳамкасбон хоҳиш карда мешавад, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ меъёри банди 16-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро, ки дар он омадааст — «Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд», аз мадди назар дур насозанд.
Шарифзода Қироншоҳ, раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.