Додситонӣ тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро баъд аз шаш моҳи таҳқиқ анҷом додааст. Ба қавли манобеи наздик ба тафтиши ин парванда, иттиҳоми «барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ» аз рӯи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи ӯ бардошта шудааст.
Гулчеҳра Ғоибназарова, ёвари варзидаи додситони Суғд рӯзи 17 май ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи Хайруллоев ба анҷом расида, қабл аз равон кардан ба додгоҳ таҳти бозбинии ниҳоӣ қарор дорад. Ӯ гуфт: “Баъд аз ин дар наздиктарин рӯзҳо парванда ба додгоҳ фиристорда мешавад”.
Мақомоти додситонӣ дар марҳалаи ниҳоии тафтиши парванда умдатан рӯи 2 модда: «барангехтани кинаю адовати миллию динӣ» ва «расонидани хабари бардуруғ» дар парвандаи Мирсаидов ва бардоштан ё мондани онҳо тамаркуз доштанд. Вале мақомоти додситонӣ баъд аз анҷоми тафтиши парванда низ аз суҳбат сари ин масъала худдорӣ меварзанд.
Аз шуъбаи тафтиши додситонии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аввали ҳафтаи оянда маълумоти ниҳоӣ дар бораи парванда ва тибқи кадом моддаҳои кодекси ҷиноӣ айбдор шудани Мирсаидовро ироа хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба тафтиши парвандаи Мирсаидов гуфт, айбдорӣ аз рӯи моддаи «барангехтани кинаю адовати миллию динӣ» алайҳи ӯ бинобар ба исбот нарасидани ваҷҳҳои айбдорӣ бекор кардаанд. Ба қавли ин манбаъ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, ин қарор бар асоси хулосаи ташхиси мутахассисон гирифта шуд, ки дар саҳнаҳои ҳунарнамоии гурӯҳи КВН аломатҳои «барангехтани кинаю адовати миллию динӣ»-ро ошкор накард ва бар асоси хулосаи ин ташхис моддаи мазкур аз парванда берун карда шуд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, тафтиши додситонӣ маълум кардааст, ки Мирсаидов на беш аз 300 ҳазор сомонӣ, чунонки қаблан мақомоти додситонӣ гуфта буданд, балки ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағи аз буҷа барои гурӯҳи КВН ҷудошударо “барои харҷҳои хусусии худ ва ба таври ғайримақсаднок” истифода кардааст.
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5 декабри соли 2017 дасгир гардид ва додситонии Суғд пас аз се рӯз Хайрулло Мирсаидовро дар нақзи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ оид ба “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” (банди 245), «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ (189, 2, «Г»), «сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ» (340) ва “дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (соддаи 346)» айбдор эълон кард.
Боздошти ин рӯзноманигор ва аз ҳама бештар омили сиёсӣ гирифтани парвандаи ӯ аз рӯи банди 189-и Кодекси ҷиноӣ мавриди нигаронии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорӣ қарор гирифт. Масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидов аз боздоштгоҳ озод шавад. Дар изҳороти дигар дар ин робита ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар назди САҲА ҳам аз тамдиди боздошти журналисти тоҷик изҳори нигаронӣ карда аз Тоҷикистон хост, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад.
https://www.ozodi.org/a/mirsaidov-case-prosecutor-ends-no-political-accusations-/29234940.html