Аз 6-уми июл нишастҳои хабарии вазирону раисон оғоз мешавад

Моҳи июли соли ҷорӣ вазирону раисони ниҳодҳои давлатӣ дар назди хабарнигорон дар бораи фаъолияти шашмоҳаашон ҳисобот хоҳанд дод.

Бино ба иттилои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, нишастҳои матбуот барои натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи вазорату идораҳои кишвар 6-уми июл оғоз шуда, то 31-уми июл давом мекунад.

Ба иттилои манбаъ, 6-уми июл нахуст нишасти матбуотии Маркази таҳқиқоти стратегӣ, Вазорати маориф ва илм ва Шӯрои адлия баргузор мешавад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо дар Тоҷикистон тибқи фармони Президент аз соли 2005 ба ин тараф баргузор мешаванд.  То соли 2011 ин нишастҳо ҳар семоҳа баргузор мешуд, вале аз ин сол ин нишастҳо ҳар ним сол баргузор мешавад.

 

http://www.tojnews.org/tj/news/az-6-umi-iyul-nishastkhoi-habarii-vazironu-raison-ogoz-meshavad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *