Рӯзи душанбе, 11-уми феврали соли равон мурофиаи судии писари Рустам Ҳукумов бо рӯзномаи «ИмрӯзNews “ доир мешавад.
Ин нахустин мурофиаи судии парвандаи шаҳрвандӣ бо шикояти Рустам Ҳукумов аз болои рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири он Назири Нусрат мебошад.
Писари Амонуллоҳи Ҳукуматулло — роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»- Рустам Ҳукумов аз болои рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири ин рӯзнома Назири Нусрат дар робита бо як матлабе, ки дар бораи ӯ моҳи октябри соли гузашта дар рўзномаи мазкур чоп шудааст, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурда буд.
Ӯ даъво дорад, ки «ИмрӯзNews» бо интишори матлабе зери сарлавҳаи «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» 16-уми октябри соли 2012 дар ин рӯзнома чоп шудааст, ба шаъну шарафи инсонии ӯ иснод овардаасту бояд тавони зарари маънавӣ диҳад.
Рустам Ҳукумов дар ин аризаи шикоятиаш 50 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб кардааст.
http://www.tojnews.org/avvalin-muhokimai-dodgohii-imruznews-bo-rustam-hukumov