Все записи автора nansmit

RWB: “Фишор болои матбуот дигар танҳо хоси диктаторҳо нест”

Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар Порис, ҳушдор додааст, ки нақзи озодии матбуот дигар хоси режимҳои худкома нест. Ин созмон рӯзи 25-уми апрел дар гузориши нави худ дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 аз афзоиши нафрату бадбинӣ нисбат ба матбуот хабар дод.

Гузориш сатҳи озодии матбуотро дар 180 кишвари ҷаҳон бо шумули Амрико ба баррасӣ гирифт ва гуфт, дар ин раддабандӣ ҷойгоҳи Амрико ду зина коҳиш ёфт ва ба 45 расид.

«Хусумат нисбат ба матбуот танҳо бо раҳбарони сиёсии кишварҳои авторитарие ба монанди Туркия ва Миср маҳдуд намешавад, балки шумори бештари раҳбароне, ки аз роҳи демократӣ ба қудрат расидаанд, матбуотро ба унвони бахше аз пояҳои асосии демократия эътироф намекунанд», — омадааст дар гузориш.

Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз, дар робита ба раиси ҷумҳури АмрикоДоналд Трамп ҳарфҳои сахтро истифода кард ва ӯро «ҳавасманди кӯбидани матбуот» ном гузошт. Созмон аз суҳбатҳои Трамп намуна овардааст, ки журналистонро «душмани халқ» унвон кард. Истилоҳе, ки ба қавли муҳаққиқони созмони Хабарнигорони бидуни марз диктатори Шӯравӣ Сталин истифода мекард.

Дар ин шохис Норвегия ва Шветсия барои дувумин бор пайиҳам дар рутбаҳои аввал ва дувум қарор гирифтаанд. Куриёи Шимолӣ дар охирин бахши феҳрист омадааст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз гуфт, ин шохис ҳамчунин нишондиҳандаи нуфузи афзояндаи «мардҳои қавӣ» аст, ки акнун марзҳоро убур мекунанд. Гузориш мегӯяд, «Владимир Путин пас аз пахши садоҳои мустақил дар дохили кишвараш таблиғотро аз тариқи расонаҳое ба мисли Russia Today ва Спутник густариш медиҳад, дар ҳоле ки Си Ҷинпин – раиси ҷумҳури Чин – модели матбуоти комилан таҳти назоратро ба Осиё содир мекунад».

Саркӯби бе қайду шарти интиқодгарон ва дигарандешон ба кишварҳое монанди Ветнам (175), Туркманистон (178) ва Озарбойҷон (163) “кумак” кардааст, ки дар зинаҳои поинтари шохис ҷойгир шаванд. Аз се ду ҳиссаи кишварҳои Шӯравии собиқ низ дар раддаҳои наздик ба мақоми 150 ва болотар аз он ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари дунё дар ин шохис дар мақоми 149-ум аст ва сатҳи соли гузаштаашро тағйир надодааст. Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз соли гузашта вазъи матбуот дар Тоҷикистонро бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод карда буд.

Ин созмон гуфта буд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст. Аммо намояндагони мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи матбуот дар Тоҷикистон “беҳтар аст”.

Қирғизистон, кишавре, ки дар муқоиса бо ҳамсояҳо матбуоти озод дорад, ба далели фишор болои расонаҳо, аз ҷумла “ҷаримаҳои осмонӣ” барои тавҳин ба раиси ҷумҳур нуҳ зина поин шуд ва дар мақоми 98-ум ҷой гирифт. Дар гузориш гуфта шудааст, бо таваҷҷуҳ ба чунин амалкардҳо, ҷои тааҷҷуб нест, ки шохиси куллии минтақа дар ҳоли наздик шудан ба сатҳи Ховари Миёна ва шимоли Африқост.

Дар харитаи озодии матбуот ҳеҷ вақт ба ин андоза кишварҳои зиёд, ки бо хатти сиёҳ ишора шудаанд, ҷой надошт. Дар арзёбии нави созмони Гузоришгарони бидуни марз Гурҷистон дар ҷои 61, Арманистон 80, Молдова 81, Украина 101, Черногория 103, Мақдуния 109, Афғонистон 118, Покистон 139, Беларус 155, Қазоқистон 158, Эрон 164 ва Узбекистон дар ҷои 165 қарор гирифтаанд.

https://www.ozodi.org/a/rsf-world-press-tajikistan/29191411.html

Тамошобини тоҷик зери нуфузи ТВ-ҳои русӣ қарор дорад

Як пурсиши маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало», ки бозори матбуоти тоҷикро санҷидааст, муайян кард, ки дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии Русия мавқеи бештар доранд. Читать далее Тамошобини тоҷик зери нуфузи ТВ-ҳои русӣ қарор дорад

Тоҷикистон ба САҲА: «Қазияи Мирсаидов сиёсӣ нест, қаллобист»

Намояндагии расмии Тоҷикистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба изҳороти расмии ҳайати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар робита ба боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – посух дод. Дар номаи намояндагии Тоҷикистон, ки нусхааш рӯзи 24-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, “парвандаи Мирсаидов сиёсӣ нест, балки як қазияи қаллобист.”

Пули буҷет ба КВН-и «ғайрирасмӣ»?

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, Хайрулло Мирсаидов соли 2014 гурӯҳи КВН-ро «ба таври ғайриқонунӣ ва бидуни сабти ном дар сохторҳои давлатӣ» таъсис додааст. Ба иттилои онҳо,«Мирсаидов аз соли 2014 то соли 2017 дар ҷараёни фаъолияти худ беш аз 976 ҳазор сомонӣ пули буҷетро сарф кардааст. Аз ин маблағ, ба гуфтаи додситонҳо, 300 ҳазор сомонӣ гум шудааст (76 ҳазор барои харҷҳои хусусии ӯ ва боқӣ ба таври ғайримақсаднок истифода гардидааст).»

Ба иттилои мақомоти тоҷик, ба ғайр аз ин, “Хайрулло Мирсаидов дар тақаллуби санадҳо (истифодаи маблағҳои буҷет ба пӯшиши харҷҳои худ) даст дорад. Феълан, таҳқиқи қазияи ӯ ба охир нарасидааст.”

Дезир хост, Мирсаидовро озод кунанд

Ҳафтаи гузашта масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидовро озод кунанд. САҲА мегӯяд, моҳи марти соли 2018 ба мақомоти тоҷик нома фиристода, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи Мирсаидов, ки ба эътимоди Дезир ба фаъолиятҳои журналистиаш бастагӣ дорад, изҳори нигаронӣ кардааст. Дезир аз Тоҷикистон хост, ки иттиҳомоти зидди Мирсаидов бозбинӣ шавад.

Дар изҳороти дигар дар ин робита ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар назди САҲА ҳам аз тамдиди боздошти журналисти тоҷик изҳори нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хоста буданд, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад.

Хайрулло Мирсаидов, ки рӯзи 5-уми декабри соли 2017 дастгир шуд, бо як қарори тафтишот то моҳи июни имсол дар боздоштгоҳ мемонад. Боздошти ӯ пас аз он сурат гирифт, ки дар як навиштааш дар Интернет сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд Олим Зоҳидзодаро ба талаби ҳазор доллар барои қабули ҳисоботи дастаи КВН муттаҳам кард. Зоҳидзода гуфт, ки дар ин изҳорот шаъну шарафаш поймол шудааст ва ба додситонӣ шикоят кард.

Иттиҳомҳо алайҳи раҳбари КВН

Ҳоло Мирсаидов бар асоси чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “исрофкорӣ” ва «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” муттаҳам аст.

Аз замони боздошти Хайрулло Мирсаидов созмонҳои бонуфузи ҳомии озодии баён, ба мисли Human Rights Watch ва Кумитаи дифоъ аз журналистон бо пахши изҳорот ва нигаронӣ аз ин ҳодиса озодшавии билофосилаи ӯро тақозо кардаанд. Амрико ҳам дар изҳороте аз Тоҷикистон хост, ки баррасии парвандаи Мирсаидовро зудтар анҷом диҳад.

Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд парвандаи Мирсаидовро шарҳ намедиҳанд ва аз вакилаш ҳам забонхат гирифтаанд, ки ҷузъиёти тафтишро ба ҷомеа фош намекунад. Аммо як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло муфаттиши парвандаи ӯ барои дақиқ кардани харҷу дахл ва ҳамин тавр ҳунарнамоии дастаи зери раҳбарии Мирсаидов ба идораи марказии КВН ба Маскав рафтааст.

Посухи раёсати молияи Суғд чист?

Додситонӣ талош дорад, гузориши хароҷоти сесолаи фаъолияти гурӯҳи КВН-и Тоҷикистонро бисанҷад. Қаблан Олим Зоҳидзода, сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд иддао карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ба гурӯҳи КВН-и Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 30 ҳазор доллар аз буҷет пул ҷудо шудааст.

Аммо дар раёсати молияи вилояти Суғд ба дархости хаттии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон навиштаанд, ки “аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бевосита маблағ ҷудо нашудааст.” Баъзе аз манобеъ ба Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов гуфтаанд, ки қазия бештар ба саҳначаҳои ҳаҷвии писараш рабт дорад.

Исми Хайрулло Мирсаидов дар Тоҷикистон бо фаъолияташ дар оҷонсии хабари “Азия-Плюс” ва радиои “Мавҷи Олмон” ошно аст. Вай солҳои охир раҳбарии тими ҳозирҷавобони “КВН”-ро бар уҳда дошт.

https://www.ozodi.org/a/mirsaidovs-case-osce-tajikistan/29189773.html

«Дастрасӣ ба иттилооти судӣ», — семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар

Имрӯз  дар  шаҳри  Бохтари вилояти  Хатлон  семинари  дурӯза  дар  мавзӯи  «Дастрасӣ  ба  иттилооти  судӣ»  ба  кори  худ  оғоз  намуд, ки дар он хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Мурод Сотиев низ иштирок дорад.  Читать далее «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ», — семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар

Чаро Хадамоти алоқа WiFi-ро зери назорат гирифтанист?

Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур рӯзи 11 апрел дастур додааст, ки масъалаи ба қонунгузории ҷумҳурӣ мутобиқат доштани истифодаи воситаҳои радиоэлектронии алоқа, аз ҷумла ратсияҳо ва WiFi-роутерҳоро дар марказҳои савдо ва бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тарабхонаҳову нуқтаҳои хӯроки умумӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд. Читать далее Чаро Хадамоти алоқа WiFi-ро зери назорат гирифтанист?

WiFi-ҳоро дар Тоҷикистон тафтиш мекунанд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон супориш додааст, ки фурӯш ва истифодаи дастгоҳи таъминкунандаи интернети бесим ва таҷҳизоти паҳнкунандаи WiFi дар марказҳои савдо, бозору тарабхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ тафтиш шавад.Хадамот моликони маркази савдо ва тарабхонаҳоро муваззаф кардааст, барои фурӯш ва истифодаи таҷҳизоти WiFi иҷозатнома бигиранд. Читать далее WiFi-ҳоро дар Тоҷикистон тафтиш мекунанд

Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар Минск ҷамъ меоянд

19 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск ҷаласаи ХХIV Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад. Читать далее Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар Минск ҷамъ меоянд

20 соли телевизиони мустақили СМ-1

СМ-1 — Симои мустақили якум дар шимоли Тоҷикистон нахустин телевизиони хусусӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 16 апрел аз таъсис ва пахши намоишҳояш 20 сол пур шуд. 6 сол қабл радиои мансуби ин ширкат “Пайванд” низ рӯи мавҷи ФМ омада буд. Читать далее 20 соли телевизиони мустақили СМ-1

САҲА: Хайрулло Мирсаидов бояд озод шавад

Масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидов аз боздоштгоҳ озод шавад. Читать далее САҲА: Хайрулло Мирсаидов бояд озод шавад