Додситонӣ тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро баъд аз шаш моҳи таҳқиқ анҷом додааст. Ба қавли манобеи наздик ба тафтиши ин парванда, иттиҳоми «барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ» аз рӯи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи ӯ бардошта шудааст. Читать далее Аз парвандаи Мирсаидов иттиҳоми «барангехтаи кинаю адоват» ҳазв шуд
Все записи автора nansmit
Анҷоми тафтиш ва ирсоли парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба суд
Тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов ба анҷом расид. Пагоҳ он ба суд ирсол мегардад. Читать далее Анҷоми тафтиш ва ирсоли парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба суд
Даъати СММ аз Тоҷикистон: Рӯзноманигорону ҳуқуқшиносонро ба ҳоли худ гузоред
Эндрю Гилмор, ёвари дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи башар, гуфт, ҳукуматҳо дар зиндагии шаҳрвандони худ нақши муҳим мебозанд, «аммо хирад набояд танҳо монополияи ҳукумат бошад». Читать далее Даъати СММ аз Тоҷикистон: Рӯзноманигорону ҳуқуқшиносонро ба ҳоли худ гузоред
Даъвати мақоми СММ ба эҷоди ҷомеаи боз дар Тоҷикистон
Эндрю Гилмор, ёвари дабири кулли Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар, гуфт, ҳукуматҳо дар зиндагии шаҳрвандони худ нақши муҳим мебозанд, «аммо хирад набояд танҳо монополияи ҳукумат бошад». Зимни суханронӣ дар поёни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон Гилмор аз мақомоти кишвар хост, барои боз шудани фазои ҷомеаи маданӣ шароит фароҳам оваранд. Читать далее Даъвати мақоми СММ ба эҷоди ҷомеаи боз дар Тоҷикистон
Озмун барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзӯи шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн таҷлил мегардад, миёни рӯзноманигорон озмун эълон мекунад. Читать далее Озмун барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзӯи шиканҷа
Паёми СММ ба Тоҷикистон: ҳуқуқи башар бояд риоя шавад, ҳатто ҳангоми мубориза бо терроризм
Дар доираи сафари дурӯзаи ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор ба Душанбе, мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ яке аз ширкатдорони ин нишастОйниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони «Перспектива +» хабар дод. Вай гуфт, ки мулоқот дар нимаи аввали рӯзи 14 май дар идораи СММ дар Душанбе ҷараён гирифт ва дар кори ин нишасти намояндагони чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, назири Эътилофи зидди шиканҷа, «Нотабене», раҳбари анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон ва дигарҳо иштирок карданд. Дар ин нишаст сӯҳбат аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва шароити кори созмонҳои масъули ҳалли ин масоил рафтааст. Эндрю Гилмор дар ин мулоқот гуфтааст, ки дар бисёр нуқоти ҷаҳон кори фаъолони ҳуқуқ мушкил мешавад ва СММ омода аст, ки барои ҳимояи онҳо дар иҷрои рисолатҳои касбиашон дасти ёрӣ дароз кунад.
Экстремизми дунявӣ ва динӣ
Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки дар сӯҳбати худ таваҷҷӯҳи мақоми баландпояи СММ-ро ба масъалаи мубориза бо тундгароӣ ҷалб кард. Вай гуфт, одат шудааст, ки дар ин мавзӯъ бештар аз назари «экстремизми исломӣ ё динӣ» муроҷиат мешавад, «дар ҳоле, ки экстремизми дунявӣ ҳам зиёд аст»:
Эндрю Гилмор дипломати бритониёӣ буда, аз октябри соли 2016 вазифаи ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсонро иҷро мекунад.
Ӯ аз соли 1989 ба ин сӯ дар сохторҳои СММ фаъолият мекунад ва дар қароргоҳҳои ин созмон дар Афғонистону Покистон, Косово, Ховари Миёна ва Африқои Ғарбӣ кор кардааст. Солҳои охир ба ҳайси муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Ироқ Судони Ҷанубӣ кор кардааст.
Ихтисосаш улуми сиёсӣ ва журналистика мебошад.
«Гуфтам, ки экстремизме, ки дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ҷанбаи иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Чунки дар манотиқе, ки мақоми дин бисёр сахт буд — навоҳии Раштро дар назар дорам, аз он ҷо тамоман кам аст, назар ба он манотиқе, ки дар он ҷо дин сахт мустаҳкам нашуда буд».
Ба андешаи Бобоназарова, мушкилоти мисли қашшоқӣ, бекорӣ ва набуди адолати додгоҳӣ метавонад боиси тундгаро шудани ҷомеа шавад. Ишораи ин фаъоли ҳуқуқи башар ба майли садҳо ҷавони тоҷик ба гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» буд, ки дар қаламравҳои Сурияву Ироқ қарор доранд. Мақомот мегӯянд, ки баъди соли 2014 беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин қаламравҳо рафта, 500 нафари онҳо кушта шудааст.
Паём ба мақомот: дар мубориза бо терроризм ҳуқуқи башар фаромӯш нашавад
Рӯзи 14 май як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар доираи сафараш ба Душанбе Гилмор қарор аст бо муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳам дидор кунад. Сухангӯи Дафтари ҳуқуқи башари СММ Фред Кирунги шоми 14 май аз шаҳри Ню-Йорк ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 15 май дидору гуфтугӯҳои Эндрю Гилмор бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла масъулини вазоратҳои умури хориҷӣ ва адлия, додситонии кулл дар назар аст.
Як мулоқот дар донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар баргузор хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ки «дар баробари баррасии масоили марбут ба озодии баён, ҳақи озоди ташкили таҷаммӯъ, фаъолияти бемаҳдудияти расонаҳои интернетӣ, Гилмор ҳамчунин аз мақомоти тоҷик даъват хоҳад кард, ки дар амри мубориза бо терроризм мурооти ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд».
Дар дафтари Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз сафари мақоми баландпояи СММ изҳори бехабарӣ карда гуфтанд, ки илова ба ин, раҳбари ин идора Зариф Ализодадар сафари хориҷӣ қарор дорад.
Бачабозӣ — дар Афғонистон ҷиноят арзёбӣ шуд
Эндрю Гилмор баъди боздидаш аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ дар Кобул бо мақомоти баландпояи Афғонистон, аз ҷумла президент Ашраф Ғанӣ мулоқот кард. Дар ҷараёни сафари чоррӯзааш ба Кобул, ки 11 май анҷом ёфт, Эндрю Гилмор аз омодагии мақомоти Афғонистон дар амри беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар истиқбол кард ва гуфт, ки ҳамоно ҷомеа дар ростои масоили ҷиддӣ қарор қарор дорад.
Ӯ, аз ҷумла, ҳодисаҳои ҳамла ба афроди мулкӣ, ки ғолибан аз ҷониби тундгароҳо содир мешавад ва табъизи занон дар ҳама сатҳҳоро интиқод кард. Гилмор аз пешрафт дар муқобила бо чанд масоиди ҷиддии ҷомеа, мисли ба Кодекси ҷиноии Афғонистон ворид кардани муҷозот барои шиканҷа, хушунат нисбати занон ва бачабозиро ҳамчун қадами мусбат дар амри мубориза бо ин падидаҳо ситоиш кард.
Тоҷикистон ва масоили ҳуқуқи башар
Сафари масъули ҳуқуқи башари СММ ба Душанбе дар марҳилае сурат мегирад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар арзёбиҳои солҳои охири СММ ва созмонҳои байналмилалии дигар интиқод мешавад. Масоили мавриди интиқоди ташкилоти мисли Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарҳо – шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо, масъалаи зиндониҳои сиёсӣ ва набуди дастрасӣ ба додгоҳҳои шаффофу одилона мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки ҳуқуқи башарро муроот мекунад ва дар зиндонҳои ин кишвар ҳеҷ маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ намешавад.
Мулоқоти ахири мақомоти тоҷику масъулони СММ рӯзҳои 4-7 маи соли ҷорӣ дар Женева баргузор шуд. Дар нишасти Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ мақомоти тоҷик ба суоли намояндаи ин созмон, ки оё мақомот, шикояти аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа шуданашонро таҳқиқ кардаанд, гуфтанд, ки шиканҷае вуҷуд надоштааст.
Дар ҷаласаи рӯзи 7 май Фелис Гаер, муовини раиси кумита гузоришҳо шиканҷа шудани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро мисол оварда пурсид, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин шикоятҳо чӣ посух дорад? Вай, аз ҷумла, гуфт: “Мо дар бораи Маҳмадалӣ Ҳаитов, Раҳматуллои Раҷаб, Умаралӣ Ҳусейнов шунидем, ки шиканҷа шудаанд. Мехостам бидонам, ки кадоме аз ниҳодҳо, шикоятҳои онҳо дар бораи шиканҷаро таҳқиқ кардаанд. Додситон буд, ё онҳо бо омбудсмен мулоқот доштанд. То куҷо шикояти онҳоро баррасӣ кардаанд ва таҳқиқ шудаанд?“
Зариф Ализода, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад, дар посух ба ин суол гуфт, ки онҳо ҳеҷ шикояти расмие дар бораи шиканҷа нагирифтаанд.
https://www.ozodi.org/a/un-human-rights-gilmour-dushanbe-special-message-/29225642.html
Лоиҳае, ки нақши ВАО-ро дар пойдории ваҳдат муассир мекунад
7-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе муаррифии расмии лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтақавӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, баргузор гашт. Читать далее Лоиҳае, ки нақши ВАО-ро дар пойдории ваҳдат муассир мекунад
Имрӯз – Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа
Ҳамасола 7 май дар ҷаҳон Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа таҷлил карда мешавад. Зеро соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, бо ҳамин ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин рӯз бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шуда, аз соли 1945 инҷониб ҳамасола таҷлил карда мешавад. Читать далее Имрӯз – Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа
Журналистони ҷавони беқалам
Оё онҳо журналистикаи тоҷикро оянда пеш бурда метавонанд!? Читать далее Журналистони ҷавони беқалам
Озодии баён танқид, тарки журналистон, плюрализм ё тобеи қонун
3-юми май дар ҷаҳон Рӯзи озодии баён ё Рӯзи матбуоти озод эътироф шудааст, ки ҳарсол таҷлил карда мешавад. Ин санаро соли 1993 Маҷмааи умумии СММ бо ибтикори ЮНЕСКО расман сабт карда буд. Ба ин муносибат хостем назари бархе аз рӯзноманигоронро доир ба вазъи озодии баён ва матбуоти озод дар Тоҷикистон пурсон шавем. Читать далее Озодии баён танқид, тарки журналистон, плюрализм ё тобеи қонун