Все записи автора nansmit

Як «Like»-у «Класс» метавонад то 15 сол ба зиндон барад

Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд даъвати оммавӣ барои содир намудани “теракт” ва сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет ҷурм шинохта шуда, аз 10 то 15 соли зиндонро дар пай хоҳад дошт.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 13-уми июн аз тағйирот ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ” –ҷонибдорӣ карданд. Ҳамакнун ба банди дувуми ин модда ибораи “ё шабакаи интернет” ворид гардид, ки содир кардани ҷинояти дар ин модда зикршударо тариқи шабакаи Интернет ҳам ҷиноят эътироф мекунад.

Чаро интернет ба қонун ворид шуд?

Бахтовар Сафаров, вакили порлумон, рӯзи 13-уми июн ҳангоми муаррифии ин тағйирот гуфт, “таҷрибаи охири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризм нишон дод, ки шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳои дигар ба макони таблиғу сафедкунии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, зарурати ворид кардани “шабакаҳои интернетӣ” ба вуҷуд омадааст, то ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашидани афрод ҷурми онҳо дуруст банду баст шавад”.

Ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазоро дар шакли ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 сол дар назар дорад. Дар шарҳи “сафедкунии оммавии терроризм” дар Кодекси ҷиноӣ гуфта мешавад, “зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.

Дар чанде аз тарҷибаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон гузоштани “лайк”, “класс” ваё ба дигарон фиристодани матну маводи марбут ба терроризм, созмону ҳаракатҳое, ки фаъолияташон мамнуъ ва террористиву экстремистӣ шинохта шудааст, ҳамчун сафедкунии оммавии терроризм қаламдод шуда буд.

“Эҳтимоли сӯистифода аз қонун вуҷуд дорад”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти охир ба қонуни ҷиноӣ идомаи ташаббусҳои вазнинтар кардани муҷозот вобаста ба терроризму экстремизм аст. Ӯ гуфт, соли пеш ҳам ба баъзе қонунҳо тағйирот ворид шуда буд, ки ҳамин масъаларо дар назар дошт ва такмили моддаи 179 низ идомаи мантиқии ҳамин ташаббусҳост.

Қаршибоев афзуд, «ягон шахси солимфикр ҷонибдори терроризмва ё экстремизм нест. Аммо хавфинодуруст шарҳ додан ва ё татбиқкардани ин меъёр аз ҷонибимақомоти ҳифзи ҳуқуқ васӯистифода аз он вуҷуд дорад.Бинобар ин, порлумон бояд шарҳимушаххаси ин қонунро нашр карда, ошкоро ба мардум гӯяд,ки кадом амал ҷиноят аст, то аз он парҳез кунанд

Раиси НАНСМИТ афзуд, дар сурати мушаххас набудани меъёри қонун ва набуди шарҳи он эҳтимол аз он сӯистифода сурат бигирад. «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, журналистон ва ҳуқуқшиносон бояд меъёри ин қонунро возеҳу равшан ба мардум шарҳ диҳанд, то ки дар дарки он духӯрагӣ ба миён наояд»,- хулоса кард Қаршибоев.

Таъйини ҷазо барои сафедкунии терроризм бо истифодаи интернет танҳо ҷазое нест, ки корбарони интернетро таҳдид мекунад. Тайи чанд соли охир Тоҷикистон ба як зумра моддаҳои Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки марбут ба корбарони интернет аст.

Айни замон ба ҷуз аз ин тағйироти нав воридшуда, 8 моддаи Кодекси ҷиноӣ бандҳои марбут ба интернет доранд, ки дар сурати нақзи он корбарон метавонанд ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шаванд.

  • Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ соли зиндон
  • Моддаи 137 (1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ соли зиндон.
  • Моддаи 179 (1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигарон барои содир намудани онҳо. Ҷазо: аз 10 то 15 соли зиндон.
  • Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 8 то 15 соли зиндон.
  • Моддаи 307 (1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз интенет. Ҷазо: аз 5 то 10 сол.
  • Моддаи 307 (3) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии… экстремистӣ эътирофшуда тавассути шабакаи интернет. Ҷазо: аз 5 то 8 сол.
  • Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият тавассути интернет. Ҷазо: аз 50 ҳазор то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё 2 соли зиндон.
  • Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 5 то 10 соли зиндон.

Аксарияти ин ҷазоҳо аз соли 2010 ба ин тараф вориди Кодекси ҷиноӣ шуданд, ки ҳар корбари интернетро дар як они воҳид метавонад ба ҷинояткор табдил диҳад. Як «лайк», «класс» ва ё паҳн кардани матлаби марбут ба ин моддаҳо кофист, ки корбари интернет ҷинояткор эътироф шавад.

https://www.ozodi.org/a/like-crime-tajikistan/29288170.html

Латукӯби хабарнигори МТЖТ дар Панҷакент

Роҳбари бунгоҳи хабарнигории Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Шоҳин Облоқулзодаро дар бозори марказии шаҳри Панҷакент ҳангоми иҷрои рисолаи касбиаш латукӯб намудаанд. Читать далее Латукӯби хабарнигори МТЖТ дар Панҷакент

Даргузашти журналист Усмон Солеҳ аз сактаи мағзӣ

Журналист, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва амалан сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ, рӯзи 10 июн дар синни 61-солагӣ бар сари сактаи мағзӣ аз олам чашм пӯшид. Читать далее Даргузашти журналист Усмон Солеҳ аз сактаи мағзӣ

«Хабарнигорон бояд нозири фаъолияти мақомот бошанд»

Майкл Оконалл, хабарнигори Радиои федералии Амрико, мегӯяд, назорат ба фаъолияти ҳукумат вазифаи асосии хабарнигорон аст ва дар Тоҷикистон низ бояд чунин бошад.Ба гуфтаи ӯ, дар Қонуни асосии Амрико ин нукта аз замони таъсиси Иёлоти Муттаҳид зикр шудааст ва то ҳол расонаҳои амрикоӣ ин рисолатро анҷом медиҳанд. Читать далее «Хабарнигорон бояд нозири фаъолияти мақомот бошанд»

Ду ҷавон барои таҳқири хабарнигорони Радиои Озодӣ ҷазо гирифтанд. ВИДЕО

Як додгоҳи шаҳри Душанбе ду ҷавони тоҷикро барои таҳқир ва таъқиби ду хабарнигори Радиои Озодӣ ҷазо дод. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Зафар Хоҷаеви 27-cола ва Фирӯз Набиеви 25-соларо ба он гунаҳкор донист, ки ҳангоми кор ба ду хабарнигори Радиои Озодӣ бесабаб дарафтода ва онҳоро дашномҳои қабеҳ додаанд. Читать далее Ду ҷавон барои таҳқири хабарнигорони Радиои Озодӣ ҷазо гирифтанд. ВИДЕО

Мирсаидов иттиҳоми «дурӯғпароканӣ»-ро рад кард. ВИДЕО

Рӯзи 8-уми июн дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари пешини гурӯҳи «Маҳфили зарифон» ё КВН баргузор шуд. Ӯ ба «азхудкунӣ ё исрофкорӣ», «сохтакорӣ» ва «дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ», муттаҳам мешавад. Читать далее Мирсаидов иттиҳоми «дурӯғпароканӣ»-ро рад кард. ВИДЕО

Оғози баррасии парвандаи Мирсаидов дар Додгоҳи Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд имрӯз, ҷумъаи 8-уми июн ба баррасии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, шурӯъ мекунад. Масъулони Додгоҳи Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа дар шакли боз доир мегардад. Читать далее Оғози баррасии парвандаи Мирсаидов дар Додгоҳи Хуҷанд

Шикояти Маркази ҳуқуқи инсон нисбати Прокуратураи генералӣ

Рӯзи 13-уми июн соати 9:00 дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов нисбати Прокуратураи генералӣ баррасӣ мегардад. Дар ин бора, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ иттилоъ медиҳад. Читать далее Шикояти Маркази ҳуқуқи инсон нисбати Прокуратураи генералӣ

Пешниҳод: Ба Максим Шевченко мукофоти давлатӣ дода шавад

Директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ (Душанбе) Абдуқодири Абдуқаҳҳор пешниҳоди навбатии худро тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ироа кард, ки ин навбат ӯ аз журналисти рус Максим Шевченко таърифу тавсиф мекунад. Читать далее Пешниҳод: Ба Максим Шевченко мукофоти давлатӣ дода шавад

Мастер-класс барои кормандони МИҲД-и вилоятҳои Суғду Хатлон

28-уми май ва 5-уми июни соли ҷорӣ мастер-класс дар мавзуи “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурди фаъолият ва бехатарии иттилоотӣ” барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Читать далее Мастер-класс барои кормандони МИҲД-и вилоятҳои Суғду Хатлон