Все записи автора nansmit

Хайрулло Мирсаидов дар озодӣ

Журналисти маҳбасии тоҷик Хайрулло Мирсаидов, ки як моҳи пеш бо гуноҳи  тасарруфи маблағ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 22 август бо ҳукми марҳалаи кассатсионии суди Хуҷанд озод карда шуд. Читать далее Хайрулло Мирсаидов дар озодӣ

Бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов мавқуф гузошта шуд

Суди вилояти Суғд баррасии шикояти таҷдиди назари парвандаи Хайрулло Мирсаидовро ба ҳафтаи оянда, 22 август мавқуф гузошт.

Читать далее Бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов мавқуф гузошта шуд

Сафири Британияи Кабир аз Хайрулло Мирсаидов ҳимоят кард

Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба шикояти таҷдиди назари ҳукми Хайрулло Мирсаидов ҷиддӣ муносибат кунанд.

«Итминони комил  дорам, ки ҳукми мусбии судӣ ва дастгирӣ ба манфиати Мирсаидов нишонаи он хоҳад шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон зидди ришвахӯрӣ ва ҳама намуд падидаҳои он бераҳмона мубориза мебарад, — навиштааст сафир. — Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеъаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад».

Ӯ бар ин назар аст, ки мактуби кушоди Мирсаидов оид ба ҷалб кардани диққати Роҳбари давлат ба амалиётҳои ғайриқонунии коррупсионии корманди давлатӣ мисоли барҷастаест, ки чӣ тавр дар ҷомеаи тарраққикарда фаъолияти бомасъул ва пайдоиши имкониятҳо барои саҳм гузоштани  шахрвандон ба беҳтар гардонидани манфиатҳои қонунии давлат ва рушти ҷомеаи демократӣ пайдо мешаванд.

Ба ақидаи дипломат, мубориза зидди ришвахурӣ раванди мушкил ва дарозмуддат аст ва бе ҳамкории муштараки мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва шахсони фаъоли ҷамъият имконнопазир аст.

«Бояд ҷиддӣ дарк намуд, ки агар шахсони ришвахӯр имконияти нишон додани муқовимат, ҳимояи манфиатҳои худбинона ва авҷ додани муҳите, ки дар он муқовимат зидди ришва амали хатарнок ва беилоҷ менамояд, ришвахӯрӣ ҳамеша ғолиб мебарояд. Дар ин ҳолат, мубориза маъно надорад ва шахсони ришвахур ҷазои одилона нахоҳанд гирифт», — изҳор доштааст сафир.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20180815/safiri-britaniyai-kabir-az-hairullo-mirsaidov-imoyat-kard

Семинари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ВАО

Чанде қабл дар осоишгоҳи “Явроз”–и ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат  бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Читать далее Семинари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ВАО

Кумаки ҳуқуқӣ ба тоҷикистониён дастрастар мешавад

Сокинони Тоҷикистон ба мушкилоти ҳуқуқӣ дучор шуда, намедонанд барои кумак ба куҷо муроҷиат намоянд, ҳарчанд аллакай кумак гирифта метавонанд.

Читать далее Кумаки ҳуқуқӣ ба тоҷикистониён дастрастар мешавад

Гуруҳи ҷавонон барои озори лафзии Афсона ҷавоб мегӯянд. ВИДЕО

Нахустин шикоят аз озори лафзӣ ва таҳқири зан дар Душанбе аз сӯйи гурӯҳи ҷавонон дар фурсати кӯтоҳ ба додгоҳ рафт. Шикояти хабарнигори Радиои Озодӣ ба номи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 7 август ироа шуд, ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ ирсол гардид. Читать далее Гуруҳи ҷавонон барои озори лафзии Афсона ҷавоб мегӯянд. ВИДЕО

«Азия-Плюс» ба амалисозии лоиҳаи нави «Моддаи 19» оғоз мекунад

Дар лоиҳаи махсус мо дар бораи ҳимояи судӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон онро ба ҳар як шаҳрванд кафолат медиҳад, муфассал маълумот медиҳем.

Читать далее «Азия-Плюс» ба амалисозии лоиҳаи нави «Моддаи 19» оғоз мекунад

Мулоқоти рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек дар Академияи ВАО

Имрӯз 13 нафар рӯзноманигори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки чанд рӯз пеш ба вилояти Суғд омада буданд, ба шаҳри Душанбе  меоянд. Читать далее Мулоқоти рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек дар Академияи ВАО

Суди Олӣ рӯзноманигонро меомӯзонад

Аз 6-ум то 8-уми августи соли равон дар бинои иттифоқғои касабаи вилояти Хатлон дар доираи лоиғаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар рафти семинар намояндагон аз мақомотии судии шағру навоғии вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Читать далее Суди Олӣ рӯзноманигонро меомӯзонад