Нишастҳои матбуотии навбатӣ кадом мушкилотро барои журналистон маълум карданд? Читать далее матБУоТ
Все записи автора nansmit
Чаро интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро бояд назорат намуд?
Бартараф ва ҳал намудани бисёре аз муаммо ва масъалаҳои ҳаёти инсон аз рушди технологияи коммуникатсионӣ ва интернет робитаи зич дорад. Дар баробари он, ки интерент ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли бештари муаммоҳои ҳаёти инсон таъсири мусбат гузошт, инчунин рушди босуръати интернет ва технологияҳои коммуникатсионӣ барои давлатҳои миллӣ ва системаи амнияти миллии онҳо як қатор таҳдиду хатарҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки нигоҳи илмӣ ва воқеӣ намудан ба масъалаи мавриди назар ва баён доштани дидгоҳи мушаххас, шинохти манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ, майдони моҷаро гардидани фазои маҷозӣ, роҳу воситаҳои муассири ҳимоя аз таҳдидҳои иттилоотӣ дар шароити кунунӣ муҳиму саривақтӣ аст. Читать далее Чаро интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро бояд назорат намуд?
Зинатулло Исмоилзода: андозро аз ВАО бардорем ё…
Дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ташаббуси ҷонишини вазири фарҳанг Давлат Сафар як ҳамоише бо иштироки рӯзноманигорон ва кормандони ВАО ва роҳбарони ташкилоту муасисаҳои рӯзноманигорӣ доир гардид. Читать далее Зинатулло Исмоилзода: андозро аз ВАО бардорем ё…
Давлат Сафар: Бархе рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавиро бояд баст!
30 июл соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ташаббуси ҷониши ин ниҳод фарҳанг Давлат Сафар як ҳамоише бо иштироки кормандони васоити ахбори оммаи кишвар доир гардид. Дар ин ҳамоиш сармуҳаррирон, рӯзноманигорону сарварони ташкилоту ҷамъиятҳои рӯзноманигорӣ ҷамъ омада буданд. Читать далее Давлат Сафар: Бархе рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавиро бояд баст!
Боз ду шабакаи нави телевизионӣ таъсис меёбад
22 июли соли 2021 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Читать далее Боз ду шабакаи нави телевизионӣ таъсис меёбад
30 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?
30 июл Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее 30 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?
Чӣ гуна метавон таҳқиқотро босаводона ба нақша гирифт? Дафтари корӣ, саҳро ва боз дафтари корӣ!
Дар охири моҳи июни соли 2021, Internews дар Алмаато барои бист рӯзноманигор аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон офлайн-тренинги Мактаби журналистикаи таҳқиқотиро баргузор намуд. Читать далее Чӣ гуна метавон таҳқиқотро босаводона ба нақша гирифт? Дафтари корӣ, саҳро ва боз дафтари корӣ!
Таҳқиқоти журналистиро бояд аз чӣ оғоз кард? Дастурамалҳо аз медиатренер Олег Хоменок
26 июн – 1 июл Internews дар Алмаато тренинги офлайн оид ба журналистикаи таҳқиқотӣ баргузор намуд. Дар Мактаб 21 рӯзноманигор ва блогерҳо аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон иштирок намуданд. Ба барномаи Мактаб мавзӯъҳо оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО, марҳилаҳои омодасозии таҳқиқоти журналистӣ, систематизатсияи иттилоот, кор бо манбаъҳо ва ҳифзи онҳо, захираҳои иттилооти оммавӣ, фактчекинг ва сторителлинг дохил карда шуданд. «Хабарнигори нав» бар асоси тренинги мазкур ба нашри мавод шурӯъ мекунад. Медиатренер, муҳаққиқи Украина, Олег Хоменок таърифи таҳқиқоти журналистиро пешниҳод намуда, ҳамчунин дар бораи методикаи омодасозии он нақл намуд.
Журналистикаи таҳқиқотӣ чист?
Таҳқиқот – методи ҷамъоварии иттилоот аз ҷониби рӯзноманигор мебошад, ки ба кор бо манбаъҳои гуногун, таҳлили бодиққат, муқоиса ва ҷустуҷӯи ихтилофҳо асос ёфтааст. Рӯзноманигор дар маводи худ ба саволҳо аз рӯи формулаи «5W» (кӣ, чӣ, дар куҷо, кай, чаро) ба монанди мақолаи муқаррарии журналистӣ ҷавоб медиҳад. Ҳамчунин, маводи ӯ ҷавобҳо ба маводҳои барои таҳқиқот муҳимтаринро дар бар мегирад: чӣ гуна / чӣ тавр, кӣ гунаҳгор аст? Аз ин кӣ манфиат мегирад? Ҳоло чӣ мешавад? / Бо ин бояд дар оянда чӣ кор кард?
Хусусиятҳои журналистикаи таҳқиқотӣ кадомҳоянд?
- Мақола/силсилаи мақолаҳо кори аслии (оригиналии) рӯзноманигор ҳисобида мешаванд, на тахлияи иттилоот.
- Истифода аз методҳои ҷамъоварии иттилооте, ки барои дигар жанрҳои журналистика хос нестанд.
- Ифшо кардани сирр, фош кардан – ифшо намудани иттилооте, ки қаблан барои ҷомеа номаълум буд. Ҳуқуқи ҷомеа барои донистани иттилооти пинҳонӣ аз ҳуқуқи субъект барои пинҳон нигоҳ доштани он ба таври назаррас зиёдтар аст.
- Нишон додани мушкили системавӣ, на ҳолати мушаххас.
- Ҳузури дурнамои вақт «дирӯз – имрӯз – фардо». Тавсифи худи мушкил (ҳозир), сабабҳои он (гузашта), инчунин пешгӯиҳои рушд (оянда).
- Ду нуқтаи назар кофӣ нест, манбаъҳои зиёди иттилоотӣ зарур мебошанд: коршиносон, коркарди массивҳои калони маълумот.
- Дорои ҳаҷми зиёди захираҳо, тӯлонӣ аз нигоҳи вақт ва гаронарзиш.
МАКТАБИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ТАҲҚИҚОТӢ
Мо мавзӯъҳоро аз куҷо мегирем?
- Мушоҳидаҳои шахсӣ
- Таҷрибаи шахсӣ
- Таҳлили ҳуҷҷатҳо
- Одамон
Фарзия (гипотеза) чист, чӣ гуна метавон онро дуруст таҳия кард?
Фарзия – тахмине аст, ки онро рӯзноманигор дар раванди таҳқиқот исбот ё рад мекунад. Ба туфайли фарзия мумкин аст субъект ва ҳамчунин мавзӯъи таҳқиқот муайян карда шаванд. Маҳз дар фарзия муайян карда мешавад, ки чӣ касе, чӣ гуна ва чаро қонунро вайрон мекунад/амалҳои ғайриқонунӣ содир мекунад ва он чӣ оқибатҳо дорад.
Аввал саволҳои иттилоотӣ барои кӯмак ба ҷамъоварии далелҳо гузошта мешаванд. Кӣ, чӣ, чӣ гуна, дар куҷо, кай, чӣ қадар, дар кадом пайдарпаӣ. Пас аз он, саволҳои арзёбӣ гузошта мешаванд, ки барои гирифтани назарҳо, арзёбӣ ё тафсири далелҳо кӯмак мекунанд: чаро, кӣ аз он манфиат мегирад, кӣ/чӣ дар паси он меистад, кадом сабабҳо, чӣ оқибатҳо вуҷуд доранд?
Кадом манбаъҳои иттилоот вуҷуд доранд?
- Ҳуҷҷатҳо – расмӣ ва ғайрирасмӣ
- Созмонҳое, ки нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо мебошанд
- Захираҳои шабака, бойгониҳо, махзанҳои иттилоотӣ ва ВАО
- Одамоне, ки ҳомилони иттилоот ё ҳуҷҷатҳо мебошанд
- Худи рӯзноманигор – методҳои мушоҳида ё озмоиш (эксперимент)
Рӯзноманигорон ҳангоми таҳқиқот бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
- Дастрасӣ ба манбаъҳои зарурии иттилоот вуҷуд надорад.
- Норасоии захираҳо (вақт ва маблағ).
- Соҳибони ВАО ба нашри иттилооти баҳсбарангез ва дорои мушкил таваҷҷӯҳ надоранд, таҳдиди аз даст додани ҷойи кор, оқибатҳои ҳуқуқӣ.
- Тарс аз интиқом барои нашрия, таҳдид ба амнияти шахсӣ.
- Мушкилоти равонӣ – танҳоӣ, хастагии касбӣ, хастагӣ, тарс аз нокомӣ.
- Набудани анъана ва таҷрибаи таҳқиқот дар муҳити журналистӣ.
Тавсияҳои мазкур бар асоси суханронии Олег Хоменок дар тренинги офлайни Мактаби журналистикаи таҳқиқотӣ таҳия карда шудаанд, ки дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP баргузор гардид.
Пагоҳ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ доранд?
29 июл оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Пагоҳ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ доранд?
28 июл кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ доранд?
28 июл Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Фирдавсӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее 28 июл кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ доранд?